Ниқоби тиббӣ — Паҳнкунандаи COVID — 19

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт, шумораи умумии гирифторони маризии коронавирус дар ҷаҳон ба 34,7 миллион нафар баробар шуд. Беш аз 1 миллион бемор ҷон бохтанд

Ашёи хатарноктарини паҳнкунандаи вируси COVID — 19 ин ниқоби тиббӣ аст, ҳарчанд одамон онро барои ҳифозат кардани худ аз ин беморӣ мепӯшанд, мегӯяд пизишки касалиҳои дарунӣ Лариса Алексеева.

Табиб бар ин бовар аст, ки аксари одамон тарзи дуруст истифода кардан аз ниқоби тиббиро намедонад, ки дар натиҷа, манбаи асосии паҳнкунандаи вирус мегарданд.

«Мо одамони зиёдеро дорем, ки ман онҳоро ниқобпӯшони бесамар ном ниҳодаам. Онҳо як ниқобро 10-15 рӯз ё ҳатто дарозтар истифода мебаранд. Ҳамон як ниқобро ҳамарӯза бо тамоми кафи дасташон мегиранд ва дуқад карда, ба ҷайб мегузоранд», — ботаассуф изҳор доштааст Лариса Алексеева.

Ба гуфтаи ӯ, ин одамон бо дастҳои тамизнакардаи худ, чашмону рӯяшонро мерасанд ва сипас дар мавриди зарурӣ ниқобашонро боз мепӯшонанд.

«Дар шароити хона бошад, вирусҳои ниқоби дар дохили ҷайб буда, имкони бештар афзоиш карданро пайдо мекунанд», — шарҳ медиҳад пизишки касалиҳои дарунӣ.

Коршинос мегӯяд, ин рафтори одамон боиси паҳншавии вируси COVID — 19 мегардад. Ба тавсияи табиб, ниқоби тиббиро на беш аз 2 соат бояд истифода буд ва пас аз бадар кардани он, ҳатман дастҳоро бо маҳлулҳои антисептикӣ тоза кард.

Лариса таъкид намудааст, ки одамон бояд аз либосу пойафзоли худ фаромӯш накунанд, зеро вирус метавонад тавассути либос ё пойпӯш вориди хона шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *