Ниҳонӣ: Муқаддасоти об (Манзума)

Як аҷнабие нишаста бо марди аҷам

Дар баҳсу мунозира ба сад кибру ҳашам.

 

Гуфто аҷамӣ, ки банди кору амалем,

Мо миллати бе кину ғараз аз азалем.

 

Ҳастию муқаддасоти мо — оби зулол,

Ҳам Ваҳдату Пешвову ҳам Истиқлол.

 

Гарчанд надорем ба мисли дигарон

Сарват зи фурӯши махзану ганҷи гарон.

 

Морост агар захираҳо зери замин,

Оянда бидуни об набвад эмин.

 

Дороии мо ҳаст зи ранҷи деҳқон,

Аз ҳикмати Пешво ба ҳар давру замон.

 

Дастаҷамъӣ асоси ободии мост,

Барномаи об раҳнамои Пешвост.

 

Он шахс ба кибр гуфт:  умре хоред,

Заб зиндагию муқаддасоте доред.

 

Морост муқаддасот танҳо газу нафт,

Беш аст зи интиқоли пул омаду рафт.

 

Не шоҳу амиру мулкдоре ба ҷаҳон

Ҳамчун газу нафт нест фоидарасон.

 

Хоҳем харем гилу об аз ҳамагон

Бо ивази пули нақд, ин ҳаст осон!

 

Азбаски ҳама бузургу покавлодем,

Аз мушкилҳо тамоми умр озодем.

 

Бигзашт басе замонаҳое зи миён,

Нафту газашон адо шуд аз гил ба ҷаҳон.

 

Ҳар сӯ ҳамагон паҳну пароканда шуданд,

Дар бодия аз бепулӣ афканда шуданд.

 

Бифрухта чизу чораи бе дарди миён,

Кобанд маводи сухт аз баҳри амон.

 

Ҷустанду наёфтанд аз баҳри наҷот

Дар соҳили баҳр қатрае оби ҳаёт.

 

Биншаста ба киштиҳо, шуда роҳсипор,

Дар ҷустани об ба ҳама самт қатор.

 

Боде шуду бурд чанд киштӣ бо ҳам

Дар як нафасе расонд бар мулки Аҷам.

 

Аз киштӣ нагуфт аҷнабӣ: нонам ту бидеҳ,

Ман ташнааму об ба ҷонам ту бидеҳ.

 

Гуфто: дидам Аҷам аҷаб мулки худост,

Ин ҷо самари ҳаёт беҳтар аз мост.

 

Ҳар кас нарасад ба дарки иқдоми Шумо,

Беқадрӣ кунад ба об, гардад расво!

 

Дид аҷнабӣ об аст на шӯру на ғализ,

Ширину мусаффо асту хуштамъу лазиз.

 

Берангу ҳазорнафъу шаффофу ҳалол,

Ҳушлаззату бебӯю равон асту зулол.

 

Диданд фузун шаршараю фаввора,

Мардум пайи зиндагии худ овора.

 

Кӯҳҳои баланд обшорон диданд,

Яхмахзани пирях намоён диданд.

 

Афзуд шумори пиряхҳо ба ҳазор,

Ин аст эҳтиёҷи об рӯзи ночор.

 

Аз НОБ-и аҷам равшанӣ эҷод кунанд,

Ҳар манзилро гарм зи буғбод кунанд.

 

Ҳидрогену оксиген чу маҳлул шавад,

Чун H2O об маҳсул шавад.

 

Як литри об асоси вазну ченак,

Вазни хоси ҷисм, кашфаш аз об кӯмак.

 

Аз қатраи об шуда одам пайдо,

Саргарм ба зиндагию умре шайдо.

 

Аз об шири сафеди модарҳо аст,

Тобанда ҷилои дури ахтарҳо аст.

 

Об аз чашм аст ғаму шодии касон,

Об аз чашма умеди бас ташналабон.

 

Аз об гиёҳи рапс рӯяд ба замин,

Аз рапс бурун шавад газу нафт, яқин.

 

Аз об равад қатора, ҳам тайёра,

Аз абри само сабз шавад сайёра.

 

Бинанд зи об кӯдакон бахту нишот,

Сарчашмаи зиндагию ҳам сулҳу субот.

 

Покиза аз ӯ замину ҳам коинот,

Гирад баҳра гиёҳу ҳам ҳайвонот.

 

Хуршед барояд, обҳо ҷорӣ ҳаст,

Маҳтоб расад, зи абрҳо ёрӣ ҳаст.

 

Дар об фитад сурати маҳтоб ба шаб,

Аз партави об нури хуршед аҷаб.

 

Аз об расад шифои дарди мардум,

Аз гардиши осиёб нони гандум.

 

Бо об бишӯянд зару дуру гуҳар,

Чун об шавад тилло бигардад зевар.

 

Аз об шавад ҳам лавашу нону хлеб,

Ё бреду броту хабазу пейни базеб.[i]

 

Оташ хезад, кашад ҳама бар комаш,

Чун об бипошанд, кунанд оромаш.

 

Мулкони зиёд дар ҷаҳон беобанд,

На ҳар ватане мисли Аҷам серобанд.

 

Ҳақ ҷониби Ҳақ, ҳаловати ду дунё,

Фармуд дар ин кишвари ҷанатосо.

 

Сарчашма ҳаёт гирад аз оби зулол,

Аз қуллаи куҳи Тоҷикистон ҳар сол.

 

Сероб Ватан зи чашмаҳои нилгун,

Сайҳун ба Арал резад ҳамчун Ҷайҳун.

 

Пуроб зи Вахшу Панҷу ҳам Зар-афшон,

Ромит, Фонӣ, Варзоб ёрибирасон.

 

Хушкист магӯ ту қисмати баҳри Арал,

Обанбори Роғун кунад ин мушкил ҳал.

 

Аз кӯли Сарез то кули Искандар,

Заркӯлу Сияҳкӯл ва чандини дигар.

 

Обод зи Рангкӯл дашти Мурғоб,

Аз ҳавзаи Ҳафткӯл водӣ сероб.

 

Ҷилондию Фотима, Ҳоҷа Оби гарм,

Шоҳамбарӣ, Алмосию Авҷ обаш нарм

 

 

НОБ-и Норак, Сангтуда, Сарбанд,

Бойғозиву Қайроқуму Вахшу Дарбанд.

 

Не тоҷу на тахт асоси умри инсон,

Об аст ҳаёту давлати ҷовидон.

 

Кам ҳаст оби ошомии сайёра,

Дар Марс уламо баҳри об овора.

 

Таҷрибаи даҳсолаи моро омӯз,

Об омили рушди устувор аст имрӯз.

 

Барномаи оби мост нақши ҳамагон,

Ҳар нуктаи Қатънома  шоҳид бар он.

 

Беҳуда набуд, кулли уламои ҷаҳон,

Карданд қабул он қарори ООН.

 

Гуфто Пешво з-ин муқаддасоти гарон,

Бин шеъри Ниҳону  мӯъҷизоти Яздон.

[i] Нон: лаваш-туркӣ, хлеб — русӣ, бред — англисӣ, брот — немисӣ, ҳабаз — арабӣ, пейн – франсузӣ.

Нихони: Священность воды

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *