Нидерландия сатру ниқобро манъ кард

Дар Нидерландия аз 1 августи соли равон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба бар кардани либосе расман манъ карда шуд, ки рӯйро мепӯшонад.

Ин маҳдудият ба фаранҷӣ ва навъҳои он, аз ҷумла ниқобу бурқаъ дахл дорад. Пӯшидани онҳо дар муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шуд.

Вазорати умури дохилии Нидерландия аз кормандони пулис даъват кард, ки иҷрои маҳдудияти мазкурро назорат ва таъмин кунанд. Барои намуна, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ агар занеро бо ниқоб бинанд, онро маҷбур хоҳанд кард, ки рӯяшро кушояд. Дар сурати ғайр, вуруди ӯ ба бино манъ ва 150 евро ҷарима баста мешавад.

Ҳудуди 5 дарсади аҳолии Нидерландияро мусулмонон ташкил медиҳанд. Асосан онҳо зодагони Туркия, Индонезия ва Мағриб ҳастанд.

Баъзе аз идораҳои пулис ва муассисаҳои тиббии Нидерландия аллакай ошкоро гуфтанд, ки ба риояи қонуни нав касеро маҷбур нахоҳанд кард.

Пештар дар Фаронса, Дания, Болгария, Австрия ва баъзе аз минтақаҳои Швейтсарияву Испания низ пӯшидани либосе, ки рӯйро пинҳон медорад, манъ карда шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *