Нигариши вежаи се академик ба “Чароғи ҳидоят”-и Сипеҳр Ҳасанзод

Барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ

Дар ҳошияи қиссаву ҳикояҳои нависандаи шинохта Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод мунаққидон, адабиётшиносон ва суханварон дар матбуоти давр андешаронӣ кардаанд. Мо низ китоби тозанашри ўро зери унвони “Чароғи ҳидоят” мутолиа намудем. Ҷолибияти мавзуъ, масъалагузорӣ, назари хоси қаҳрамонони асар ва фасоҳату салосати забони нависанда диққатрабост. Маҷмуаи мазкурро матбааи “Балоғат” ба нашр расонидааст, ки аз як қисса ва ёздаҳ ҳикоя иборат мебошад.

Қиссаи “Чароғи ҳидоят” азобу хитоби овони наврасӣ, савод азбар кардани қаҳрамон, рӯзгори рустоиён дар солҳои ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ ва фаъолияти густардаи маорифчии матинирода Самад Фаттоевро дар моварои пуртаҳаввули таърих фарогир аст. Нависанда ба ин васила дар қалбамон чароғ афрўхта, ба маърифатандўзӣ ҳидоят мекунад. Муносибати роҳбари мактаб-интернат ба кўдакон ва ятимон дар қисса табиӣ баромадааст. Чун мебинад, ки дар интернат (парваришгоҳ) ҷойи хоб намерасад, бачаи бепарасторро ба хонаи худаш мебарад ва қатори ҷигарбандонаш мехўронаду мепўшонад, ба камол мерасонад. Ҳамин тавр, Ворис яке аз чеҳраҳои тобнок дар ҷодаи илмҳои дақиқ мегардад.

Нависанда дар таълифи ҳикоя низ ҷиддӣ хома меронад. Ў бо ҷилавгирӣ аз падидаҳои номатлуби ҷомеа, назари хешро мегўяд. Ин нукта дар ҳикояҳои “Ба дидори офтоб зор”, “Тӯй барпо нашуд”, “Санги сабук”, “Бачаи шайтон” ва “Узри кабк” бармало ба мушоҳида мерасад.

Ҳунари нигорандагии адибро Носирҷон Салимӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Замира Ӯлмасова, доктори илми филологӣ, профессор, перомуни китоби мавриди назар ин зайл баҳо додаанд: “Забон, салиқаи баён, ҳунари тасвиргарӣ ва ботиннигорӣ дар шинохти инсон ва муҳити зиндагии ў ҷанбаҳои бадеии асарҳои Сипеҳри Ҳасанзодро тақвият бахшида, онҳоро дилнишин ва ибратомўз гардонидааст. Аз қиссаи «Чароғи ҳидоят» ҳам зарби қалами як нависандаи ҳунарманду таҷрибаандўхта, таҷрибаи зиндагӣ ва таҷрибаи адабӣ бармало ба чашм мерасад.

Нависанда аз як ҷузъиёти хурд, аз як падидаи ҷолиби зиндагӣ, аз як рафтори наҷиби одамӣ маъниҳои омўзанда мекашад ва онро дар қолаби ҳикоятҳои тасвирӣ ва ахлоқиву тарбиявӣ баён менамояд. Дар ин қабил ҳикояҳо назари таҳлилӣ, мушоҳида ва нерӯю қудрати инсоншиносии Сипеҳри Ҳасанзод ба ҳайси нависандаи равонков ба ҷилва меояд”.

Аз ин дидгоҳ М. С. Имомзода, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ш. Исрофилниё, доктори илми филологӣ, профессор, бо зикри навҷӯиҳои нависанда изҳор доштаанд: “Мавзуъ ва муҳтавои қисса ва ҳикоёти Ҳасанзод тасвири зисту зиндагонии мардуми деҳот, арҷ гузоштани онҳо ба суннатҳои миллӣ, риояи оини ҷавонмардӣ ва амсоли инҳо мебошанд. Симои марди деҳот бо тамоми ҳастиаш, яъне бо ҳамон ғуруру ҳиммати ҷавонмардӣ, мардонагӣ, дур будан аз ҳама гуна фиребу найранг ва дар айни замон соддагиву зудбовариаш таҷассум ёфтааст.

Масъалаи ахлоқ дар навиштаҳои Ҳасанзод умдатарин ба назар мерасад. Нависанда дар қисса ва ҳикоёташ василаи образҳо инсони оддии деҳотро дар меҳвари тасвир мегузорад. Забони асарҳои нависанда саршор аз калимоти ноби тоҷикианд, ки мутаассифона, имрўз аз истифодаи аҳли қалам берун монда, дар шеваи гуфтугўйии мардум маҳфуз мондаанд.

Дар ҳикоятҳои Сипеҳри Ҳасанзод қаҳрамону персонажҳо синну соли гуногун доранд, нависанда гоҳе аз забони мўйсафедон, амалу рафтори калонсолон ва гоҳе ба воситаи фаъолияти кўдакон моҳияти масъаларо барои хонанда бозгўӣ мекунад”.

Ҳамзамонони муосир фазилатҳои созандагиву барозандагӣ дошта, амали шоистаро бар суди ҷомеа анҷом медиҳанд. Қаҳрамони қиссаи “Чароғи ҳидоят” устод Самад Фаттоев дар шумули фарзандони содиқи Меҳан қарор дошту бо корномаи ибратоинаш дар дили ҳазорон машъалафрӯзони маърифат маъво гирифт. Вай хисоли ҳамидаро аз муҳити хонавода омўхта, риояи онро умре ба шогирдон талқин кардааст.

Бе ҳеҷ шаку тардид, мактаби Самад Фаттоев барои маорифчиёни мамлакат омўзанда мебошад. Чароғи афрӯхтаи вай роҳи толибилмонро мунаввар гардонида, ононро ба фатҳи комёбиҳои тоза роҳнамо гардидааст. Бале, инсони ободгар метавонад ҷавҳари фитрияшро дар  ҳолатҳои лозим намоён созад. Ба нерӯяш, ки бовар дорад, бо дилпурӣ қадам мениҳад, гӯшаеро сабзу хуррам мегардонад, нақши нек ба ёдгор мегузорад. Ва мардум ҳам ба пайкораш холисона баҳо гузошта, номашро ба ҷовидон зинда медоранд.  

Аламхон Кўчарзода, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор бурди нависанда Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзодро дар он мебинад, ки қаҳрамони марказии асарашро аз миёни ҳамдиёрони мо ҷуста, фазилати роҳбарӣ ва ободгарияшро самимӣ кушодааст. Зеро ки донишманди фозил дар шумули шогирдони устоди зиндаёд Самад Фаттоев қарор дошта, таълимгоҳи номбурдаро бо нишони тилло хатм кардааст. Вай таълифи китоби “Чароғи ҳидоят”-ро падидаи тозаи фарҳангӣ, гулчини ҳикоёти Ҳасанзодро хонданиву шуниданӣ шуморида, бо ишора ба ин нукта менигорад: “Ҳикояҳо бо биниш ва нигориши тоза, масъалагузориву тарзи баёни муъҷаз ва тасвирҳои зебо яке аз дигаре беҳтару пухта баромадааст. Нависанда аз қолиби ин жанри адабӣ хуб огаҳӣ дошта, афкорашро хеле сара ва боназокат ба хонандаи ҳушманд мерасонад. Аён мегардад, ки адиб ҷодаи сангини қаламкаширо саҳл напиндошта, бурдборона пеш меравад, ба ҳарфу ҳиҷояш ҷиддӣ муносибат менамояд. Ҳамин аст, ки ҳикоёташ маъниву тобиши тоза касб намуда, маъмулӣ нестанд ва миёни ҳаводорони сухани воло ҷойгоҳи хоса пайдо кардаанд”.

Дар робита ба таълифи тозаи Сипеҳр олими нуктасанҷ Аламхон Кӯчарзода сари ин хулоса мерасад: “Чунин тарзи масъалагузорӣ ва ифодаҳои тобноку ҷаззобро дар нигоштаҳои дигар адибони муосир кам ба мушоҳида мегирем. Забони бофасоҳати ноби тоҷикӣ каломи муаллифро ширадор гардонидааст. Ҳамзамон, дар тарбияи ахлоқиву маънавӣ, боло бурдани савияи донишандўзии толибилмон (китоби “Чароғи ҳидоят” дар назар аст,- М. С., Б. А.) мусоидат карда, ба доираи васеи хонандагони хушзавқ писанд меояд”.

Қиссаву ҳикояҳои китоб хотирмону зебо хатм меёбанд. Билхоса, шоҳбайти ҳаккокишуда дар санги мазори қаҳрамони қисса ба сарнавишти рангинаш созгор афтода:

Аз санги рўзгор сари пурғурури мо,

Сад бор хунчакон шуду як бор хам нашуд.

Ба қавли муаллиф “Чароғи ҳидояти устод ба раҳи меросбарони илму маърифат ба ҷовидон дурахшон бод!”.

Дар зимни баҳои асили донишмандони муҳтарам мо низ умедворем, ки маҷмўаи мазкур барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ сазовор аст ва аз ҷониби ҳакамони сахтгир дастгирӣ меёбад.

Мирзо СОЛЕҲ, доктори илми филологӣ, профессор

Баҳриддини АЛАВӢ, номзади илми филологӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *