Нигаронӣ дар бозори доллар: Бонки миллӣ чӣ мегӯяд?
Чанд рӯзи охир сокинони кишвар ба Pressa.tj занг зада, шикоят мекунанд, ки дастрас кардани доллар барояшон ғайриимкон гаштааст.
Масалан, Т. Каримов дар номаи худ навиштааст, ки “агар дар бонкҳо 100 доллар иваз кардан хоҳед, бар ивазаш 1250 сомонӣ талаб мекунанд. Ҳол он ки, курси хариди доллар 1180 сомонӣ аст. Бубинед, фарқ аз замин то осмон. Гӯё бонкҳои Тоҷикистон ба як манбаи даромади муфт табил ёфтаанд. Долларро ба гирифтан ку мегиранд, вале намефурӯшанд. Фурӯшанд ҳам, бо нархи гарон”.
Нигора Холова менависад: “Дирӯз барои ивази долллар ба чанд бонк муроҷиат кардам. Аввал ба Бонки Эсхата, ки ба хона наздик аст, даромадам. 100 доллар баробар ба 1240 сомонӣ гуфтанд. Вале ман хостам, ки як миқдор харидорӣ кунам. Дар ҷавоб нест гуфтанд. Аҷиб, долларро мехаранд, аммо намефурӯшанд. Ҳамин тавр, боз ба чанд бонки дигар сар халондам. Бонкҳои дигар 100 долларро бар ивази 1180, 1220 ва аз ин пасттар ҳам мехариданд, вале доллар намефӯшанд”.
Аҷиб, сиёсати асъорро дар Тоҷикистон кӣ назорат мекунад? Зери воҳимаҳо аз 10-уми март Бонки миллии Тоҷикистон якбора нархи 100 долларро аз 1130 сомонӣ ба 1300 сомонӣ расонид. “Сари кафида зери тоқӣ” гуфта, Бонки миллӣ ахиран нархи 100 долларро ба 1250 сомонӣ фаровард. Шояд боз фарораду барорад. Ин амалҳо дар асоси кадом таҳлилҳо сурат мегиранд, ақли шайтон ҳам намерасад. Мардум чӣ кор карданро надониста, аз дари як бонк ба бонки дигар медаванд. Охир, бояд ягон меъёр бошад. Қаблан фарқияти байни хариду фурӯш ҳамагӣ 5 то 10 сомониро ташкил мекард. Имрӯз бошад, аз 70 сомонӣ кам нест.
Ба миён омадани чунин ҳолат соҳибкорон ва онҳоеро, ки ба тиҷорат машғул ҳастанд, нороҳат кардааст. Чӣ бояд кард, ки соҳибкорон орому осуда гарданд ва соҳибкорӣ пеш равад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон чӣ мегӯяд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ