Нигаронии Азим Иброҳим аз кори мошинҳои боркаш

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим нигаронӣ кард, ки мошинҳои боркаш аз меъёр зиёд бор мегиранд, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд.  

Талафоти модию ҷоние, ки мошинҳои боркаши гаронвазн бо нақзи меъёрҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд меоранд, мавзӯи ҷаласаи назоратӣ назди вазири нақлиёт Азим Иброҳим шудааст. Вазир гуфт, ки нақлиёти автомобилӣ дар таъминоти логистикии иқтисодиёти Тоҷикистон нақши калидӣ дорад, зеро аксари борҳо — беш аз 90% маҳз тавассути ин намуди нақлиёт интиқол дода мешаванд.

«Аммо он ки мошинҳои боркаш аз меъёри муқарраршуда зиёд бор гирифта, роҳҳо ва пулҳоро вайрон мекунанд ва ба давлат зарари калон мерасонанд, таҳаммулнопазир аст»,- таъкид намудааст ӯ.

Азим Иброҳим ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт барои пурзӯр намудани назорат дар соҳа дастур додааст.

Вай аз аз ҷумла таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаи барномаи «Тарозуи ҳушманд» оид ба насби таҷҳизоти рақамии назорати вазн ва андоза дар роҳҳои автомобилгарди кишварро хост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *