Нигаронии донишҷӯ: Рӯзномафурӯшон куҷоянд?

Шомгоҳи баъди дарс тасмим гирифтам барои иҷрои вазифаҳои дарсӣ пайи дарёфти рӯзнома шавам, зеро супорише, ки устод бароямон дода буданд, бевосита аз нашрияҳо пайдо кардан мумкин буд…

Аз тамоми мағозаҳои назди бинои истиқоматиамон, ки дар маҳаллаи 102-юми пойтахт пурсон шудам, мутаассифона, ягон рӯзнома пайдо накардам. Ба фикр фурӯ рафтам, ки бояд дар хиёбонҳои шаҳр дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ бошанд. Роҳамро давом медодаму ҳеҷ рӯзномафурӯшеро пайдо намекардам.

Сари ҳар қадам дӯконҳои фурӯши  хӯрокҳои тезтайёр ва меваву сабзавот мавҷуд аст, вале касе машғули рӯзномафурӯшӣ набуд.

Умеди ёфтани рӯзномаро фаромӯш карда, ният кардам, ки субҳ аввал ба бинои “Шарқи озод” рафта, рӯзнома мехараму баъд ба дарс меравам. Бо ҳамин фикр ба хона бармегаштам, ки як дӯкон ба чашмам афтид, ки дар болояш “Матбуот” навишта шуда бошад ҳам, атрофаш пур аз  меваву сабзавот буд. Маҳз аз ҳамин дӯкон рӯзнома харидам. 

Шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон ва шиносномаи кишвари мост, ки рӯз аз рӯз ободу зебо  мешавад.

-Тайи чанд вақти охир дар истгоҳҳои марказии шаҳр низ дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ ба чашм мерасад, ки ин иқдоми бисёр хуб аст, вале мутаассифона, ин амал дар ҳама нуқтаҳои шаҳр танзим нашудааст.

Аз “Шаҳраки донишҷӯён” то истгоҳи муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” ягон нуқтаи рӯзномафурушӣ нест, изҳори нигаронӣ мекунад, ҳамсабақи ман Дилрабо.

Масъулин мегӯянд, ки танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 60 дӯкони рӯзномафурӯшӣ амал мекунад. Аммо зиёде аз ин дӯконҳо бо ном иҷозатномаи рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ гирифта, тамоман бо мақсадҳои дигар истифода мешавад. 

Бинобар ин, фикр мекунам, ки мушкилоти ба дасти хонанда расонидани рӯзномаву маҷаллаҳоро бояд соҳибони нашрияҳо дар сатҳи давлатӣ ба миён гузоранд, то ки мардум бе мушкилӣ ба манбаи иттилоот дастрасӣ дошта бошад.

Уғулой Қутбиддинзода,

донишҷӯ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *