Нигаронии Президент аз чанд камбудие, ки аз ҷониби мақомот ислоҳ мехоҳад
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари чанд камбудӣ гуфт, ки интизому назорати хонандагону омӯзгорон дар раванди дарс беҳбудӣ мехоҳад.
Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зикр намуд, ки амалиёти мақомот нисбат ба шаҳрвандон, ки барои лайкҳо сарсону саргардон мешаванд, бояд бознигарӣ карда шавад.
“Бояд гуфт, ки дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд. Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст.
Яъне баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад”,-изҳори нигаронӣ кард Президенти кишвар.
Инчунин, Сарвари давлат ба камбудиҳои мавҷуда дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ишора намуда, хостори беҳбудии фаъолияти онҳо шуд.
“Фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия камбудии ҷиддии дигар мебошад, ки гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст”,-иброз дошт Президент.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз зери назорати ҷиддӣ нагирифтани тартибу низом ва ҳозиршавии хонандагону омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ нагаронӣ кард ва инро камбудии мақомоти корҳои дохилӣ номид.
Ёдовар мешавем, ки мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 29-уми октябри соли равон зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар Душанбе доир шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ