Нигаронии Президент аз суръату нархи интернет
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Парлумон аз вазъи соҳаи алоқа дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла суръат ва нархи интернет изҳори нигаронӣ кард.
Таъкид гардид, ки таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ зарур мебошад.
Ба изҳори Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар кишвар шумораи муштариёни интернет ба 4,5 млн расидааст, ки ба 100 нафар аҳолӣ 45 муштарӣ рост меояд. Вале суръат ва арзиши интернет ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти алоқаро муваззаф кард, ки якҷо бо ширкатҳои соҳа барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва интернет чораандешӣ кунанд.
Дар Паём Сарвари давлат дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдастро муҳим арзёбӣ намуд. Зеро сайёҳон низ аксаран ба он маконҳое мераванд, ки суръати баланди интернет фароҳам аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ