Нигаронии Президент аз вазъи илму маориф ва таъсиси як муассисаи олии дигар
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 декабр дар Паём дастур дод, ки дар Тоҷикистон боз як муассисаи олии дигар, яъне Донишкадаи сайёҳӣ ва хизмат таъсис дода шавад.
Донишкадаи мазкур дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани мутахассисон дар бахшҳои меҳмондорӣ, қабули сайёҳон ташкил карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон доир ба вазъи соҳаи илму маорифи кишвар изҳори назар карда, иброз дошт, ки ягон кишвари олам бе маориф рушд карда наметавонад. “Агар муаллим намебуд, кӣ мову шуморо ба ин сатҳ мебаровард?”-гуфт Сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки солҳои 2020-2040 20- солаи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ эълон карда шавад. Баъди ин толорро қарсақсазании бардавом фаро гирифт.
Ҳадаф аз ин иқдомро беҳтар намудани сифати таълим дар равияи илмҳои дақиқ унвон кард.
“Ба кадрҳои омӯзгорӣ диққати махсус дода, сатҳи таълимро беҳтар намоем. Сухангӯю сухандон зиёд дорем, аммо ихтироъкор, донишманд, соҳибкор надорем. Диплом дода истодаем. Бештарашон дипломи гап, сухан. Бо сухан ба осмони 7-ум мебароем”-нигаронӣ кард Роҳбари давлат доир ба сатҳи омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои олии кишвар.
Бо ин мақсад ба вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ-таълимӣ дастур дода шуд, ки то се моҳ нақша –чорабиниҳо тартиб дода, ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ӯ ишора ба масъулини сохторҳои илму маориф карда, гуфт: “Минбаъд дар мавриди рисолаҳои илмӣ тамоми колабҳоро шикастан лозим аст. Чӣ додем, дар 100 -соли охир? Чӣ қадар маблағи калон хароҷот кардем?”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ