Нигаронии прокурори Хуҷанд аз фаъолияти мақомдорони шаҳр

Нозимзода Бахтиёри Ҳаким, прокурори шаҳри Хуҷанд аз фаъолияти бархе аз мақомдорони шаҳр изҳори нигаронӣ кард.

Ба таъкиди ӯ вақтҳои охир саҳми мақомдорон барои ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ хуб ба роҳ монда нашудааст.

Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд, танҳо дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ дар умум зимни санҷишҳои гузаронида 7 ҳолати фиреби истеъмолкунандагон ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ барои саломатии инсон ҷавоб намедиҳад, ошкор ва парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра нисбати 24 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда нисбати 422 нафари дигар бо моддаҳои мухталифи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *