Нигаронии Шоҳзода Карим Оғохон ва паёми ӯ ба мардуми Бадахшон

Шоҳзода Карим Оғохони чаҳор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон гуфтааст, ки аз такрори нооромиҳо дар ВМКБ «сахт нигарон аст».

 Ӯ 18-уми май дар паёме аз пайравонаш дар вилоят хост, ки «ихтилофҳоро бо муколама ва дар руҳияи эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд».

Ба иттилои “Озодӣ”, матни паёмро 19-уми май дар ҷамоатхонаи исмоилиён дар Тоҷикистон хондаанд.

Пешвои исмоилиён дар паёмаш гуфтааст: “Ба унвони Имоми Замон, ба ҷамоати тоҷикам фармон медиҳам, ки оромиро нигоҳ доранд; қонунҳои кишварро риоя кунанд; ҳамагуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва амалҳои дигарро, ки метавонанд ба некӯаҳволии онҳо таҳдид кунанд, рад намоянд”.

Шоҳзода Карим Оғохон дар идома аз пайравонаш хостааст, ки “вориди хушунат нашаванд”. «Ниҳоят муҳим аст, ки фарзандони руҳониям ҳамеша суннати ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд… ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд”,- гуфтааст ӯ.

Шоҳзода дар охири пайёмаш ба пайравони исмоилия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сурати пеш омадани зарурат “роҳнамоии минбаъдаро тавассути созмонҳои ҷамоат” хоҳад фиристод.

Ёдовар мешавем, ки мавҷи нооромӣ 17 ва 18-уми май ба ноҳияи Рӯшон “кӯчид”. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар онҷо “амалиёти зиддитеррористӣ” мегузаронад, чун “гуруҳи 200-нафарӣ бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *