Нигаронии Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ зимни ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар Маскав ба мавзуи ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират низ таъкид кард.

Номбурда  ҳангоми суханронӣ аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави як қатор кишварҳои Иттиҳод изҳори нигаронӣ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин ба далелҳои роҳ надодан ва манъи вуруди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла ба онҳое тибқи квотаҳои ҳукуматӣ, ки аз ҷониби давлатҳои ИДМ ҷудо карда шудаанд, таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.

«Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, — таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамчунин, вазир  изҳор дошт, ки Душанбе дар чаҳорчӯби раёсати дарпешистодаи кишвар дар ИДМ ба кишварҳои узви Иттиҳод пешниҳод хоҳад кард, то кори муштаракро барои мувофиқа кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки муддати тӯлонӣ дар баррасӣ қарор доранд, фаъол созанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *