Нигаронии Туркманистон аз амали Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон аз нияти Тоҷикистон барои мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани «Туркманистон- Афғонистон-Тоҷикистон» ибрози нигаронӣ кардааст.

Ҷониби Туркманистон мегӯяд, нигаронии худро дар робита «ба вақти беҳтар мавқуф гузоштани сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон» ба мақомоти Душанбе ба таври расмӣ баён кард.Дар баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, ки рӯзи 1-уми сентябр нашр шуд, ба гуфтаҳои Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Узбекистон ишора шудааст. Имомӣ дар суҳбат бо нашрияи «Комерсант»-и чопи Маскав гуфтааст, «муносибати хуб бо Узбекистон Душанберо водор кард, ки идеяи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Тоҷикистонро тариқи шимоли Афғонистон то вақти беҳтар мавқуф гузорад.»Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон пас аз нашри ин суҳбати сафир эътирози худро ба таври расмӣ ба ҷониби Тоҷикистон баён доштааст.Идеяи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон замоне ба миён омада буд, ки Тоҷикистон аз роҳбандони Узбекистон дар замони раёсати президент Ислом Каримов ранҷ мекашид.Расми ифтитоҳи бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон рӯзи 5-уми июни 2013 дар вилояти Лебап (Лабиоб)-и Туркманистон бо иштироки сарони се ҷумҳурӣ — Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомиди Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд.Ҷониби Туркманистон қисмати 88-километрии ин роҳро дар қаламраваш то мавзеи Оқина сохта ва ба итмом расонд.Қарор буд, ин хатти роҳи оҳан аз Колхозобод-Дӯстӣ-Панҷи Поён дар сарҳади Тоҷикистон ибтидо гирифта, сипас, тариқи Шерхон- Бандар-Кундуз-Мазори Шариф-Шибирғон-Андхуй-Оқина ба Туркманистон расад.Ин роҳ дар сурати сохта шудан, нахустин роҳи оҳане мешуд, ки Туркманистону Тоҷикистонро бидуни убур аз қаламрави Узбекистон бо Афғонистон мепайвандад. Тоҷикистон низ пас аз бунёди ин роҳ ният дошт аз вобастагии комил аз ширкати роҳи оҳани Узбекистон раҳо шавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *