Нигаронии вазири маориф аз вазъи китобҳои дарсӣ
Дар шаҳри Душанбе зимни як машварат мушкилоти ба талабот ҷавобгӯй гардонидани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ, тартиби ҳуҷҷатгузории иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва системаи билингии пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ баррасӣ шуданд.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз намуд, ки мушкилоти дигаре, ки имрӯзҳо дар самти китобдорӣ ба чашм мерасад, ин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳисоботи бухгалтерии адабиёти таълимӣ дар шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
“Дар робита ба ин масъулини соҳаро зарур аст ҷиҳати ҳалли мушкилоти мазкур ҳар чӣ бештар чораҳои амалӣ андешанд”,-иттилоъ медиҳад Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Раҳим Саидзода ба масъулини дахлдор супориш додааст, ки барои аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, дархости китобҳои дарсиро дуруст ба вазорат пешниҳод намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ