Нигина Амонқулова Ҳунарпешаи халқии Узбекистон шуд

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев овозхони ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Амонқулова бо унвони «Ҳунарпешаи халқии Узбекистон» қадрдонӣ гардид.

Фармони Президенти Узбекистон 24 август имзо шудаааст.

Президенти Узбекистон ба шаш нафар ҳунарманд, ки миёни онҳо сарояндаи тоҷик Нигина Амонқулова низ ҳаст, ин унвони фахриро додааст.

Гуфта мешавад, ки ин унвон барои хизматҳои барҷаста дар таҳкими истиқлолияти Ватан, татбиқи босамари ислоҳоти васеъмиқёс дар самти сохтмони Ӯзбекистони нав, истеъдоди барҷаста, фаъолияти серсоҳаи эҷодӣ ва илмию амалӣ ба баланд бардоштани маърифати маънавии халқ, рушди соҳаҳои илм нигаронида шудааст.

Ҳамчунин ин унвон барои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ, инчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *