Никол Пашинянро сарвазир интихоб накарданд
Порлумони Арманистон дар раъйдиҳии рӯзи 24 октябр Никол Пашинянро ба мақоми сарвазирии ин кишвар интихоб накард.
Пашинян номзади ягона буд. Ӯро ҷиноҳи ҳизби «Елк» номзад таъйин кард. Даври дувуми раъйдиҳӣ барои интихоби сарвазир 1 ноябр баргузор хоҳад шуд.
Се ҷиноҳи порлумонӣ раъй надоданд ва ҷиноҳи «Елк» худдорӣ варзид. Дар ниҳоят Пашинян 0 раъйи мусбат, 1 раъйи зид касб кард. 11 вакили дигар аз овоздиҳӣ худдорӣ варзиданд.
16 октябр Пашинян эълон кард, ки аз мақоми сарвазирӣ истеъфо медиҳад. Вай гуфт, барои баргузории интихоботи ғайринавбатӣ чунин тасмим гирифтааст. Дар порлумони Арманистон бузургтарин ҷиноҳро Ҳизби ҷумҳурихоҳон соҳиб аст, ки пештар ҳизби ҳоким буд.
Ҳамакнун дар сурате, ки агар то як ҳафтаи дигар имкони интихоби сарвазири нав фароҳам нашавад (талоше, ки Пашинян ва тимаш доранд), Маҷлиси миллии ин кишвар бар асоси қонун пароканда эълон мешавад. Дар ин ҳолат интихоботи ғайринавбатӣ дар нимаи аввали моҳи декабр баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ