Нилуфар

Нилуфарро дар Русия қадрдонӣ карданд

Фестивали XIV байналмилалии хайрияи «Асои сафед» дар шаҳри Маскав бо дастгирии Россотрудничество барномаи бузурги консертӣ гузошт, ки Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Нилуфар Азизова намояндагӣ кард.

 Ӯ хонандаи синфи 10 – уми литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе мебошад.

Дар фестивал Нилуфар ҳамроҳ бо ситораи попи Русия Алсу суруди «Хоби зимистон»-ро сароид, ки писанди ҳамагон шуд ва ҳунари волои ӯро Ҳунарманди халқӣ Диана Гуртская ситоиш намуд.

Пас аз итмоми консерт ба намояндаи Тоҷикистон медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар фестивали мазкур беш аз 70 нафар аз кишварҳои гуногун иштирок доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *