Ниммарафон: Давандаҳои тоҷик боз муваффақ нашуданд
Ниммарафони VIII байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Эфиопия ва Қирғизистон ба поён расид. Дар ин ниммарафон, ки 15 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба ҷуз варзишгарони тоҷик, давандаҳои касбӣ аз Афғонистон, Беларус, Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Олмон, Покистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина, Фаронса, Ҳиндустон, Чин, Шведсия, Эрон ва Эфиопия пойга оростанд.
Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97,5 метрро дарбар гирифт, аз рӯи масири дав – “Наврӯзгоҳи пойтахт” – хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – маҳаллаи Хоҷамбиё – дидбонгоҳи Чорбоғ – хиёбони Рӯдакӣ – майдони “Дӯстӣ” (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) — доир гашт. Дар пойга 113 мард ва 21 зан ширкат доштанд.
Дар сабқати мардон Тилаҳун Гирма аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 4 дақиқаю 58 сония мақоми аввалро касб кард. Самуэл Вайтака Майна аз Кения (1:06,03) мақоми дувум ва Адилет Киштанбеков аз Қирғизистон (1:06,24) мақоми севумро соҳиб шуданд.
Дар миёни занон Виктория Полюдина аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 19 сония ғолиб шуд. Юлия Шматенко аз Украина (1:13,51) мақоми дувум ва Ситора Ҳамидова аз Ӯзбекистон (1:14,19) мақоми севумро ишғол карданд.
Бинобар иттилои Людмила Нестерова, саркотиби ниммарафони VIII байналмилалӣ “аз байни варзишгарони тоҷик Меҳрангез Назарова ва Ҳасан Ғаффоров натиҷаҳои хубтарро нишон доданд. Меҳрангез бо натиҷаи 1:29,50 миёни занон ҳафтум ва Ҳасан бо натиҷаи 1:11,17 байни мардон ҳаштум шуданд.”
Ғайрат Неъматов, сардовари ниммарафони VIII байналмилалӣ, гуфт, ки давандаҳои Тоҷикистон дар ҳашт давраи ниммарафони байналмилалӣ ҳеҷ гоҳ ғолиб нашудаанд ва ҷойҳои дувуму севумро ҳам соҳибӣ накардаанд. Ба қавли ӯ натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар ин ниммарафон танҳо ҷойҳои чорум мебошад. Ҳасан Ғаффоров ду бор (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева як маротиба (соли 2010 ) миёни занон ҷойҳои чорумро соҳиб шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ