Ниммарафони кушоди куҳӣ дар Ҳафткӯли Панҷакент
3-юми сентябр дар мавзеи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин ниммарафони кушоди куҳӣ баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр муқаррар шуда, барои иштирок дар он варзишгарон аз тамоми манотиқи мамлакат ва кишварҳои дигар — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Белорус, Чин, Ҳиндустон ва ғайраҳо даъват шудаанд.
— Чорабинии варзишӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати сайёҳии «Сайри Бӯстон» доир карда мешавад,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки барои ғолибони ниммарафон аз 500 то 5000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ