Нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон нимпайкара ва ҳамзхамон кӯчае ба номи сардафтари адабиёти классикии форусу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пайдо шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ифтитоҳ кардаанд.

Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нур-Султон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.

Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Нур-Султон, дар ноҳияи Алма-ато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад, афзудааст манбаъ.

Нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳа (буриши) кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.

ГУфта мешавад, майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб карда шудаанд.

Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *