Нисбати ҷавоне, ки гиребони мӯйсафедро гирифт, кӣ чора мебинад? (видео)

Ҷавоне бо дашномҳои қабеҳ гиребони мӯйсефедеро гирифта, таҳдиди задан мекунад. Агар роҳгузарон халос намекарданд, эҳтимол ин ҷавон мӯйсафедро латукӯб мекард.

Ин манзара дар дар як видео, ки гуруҳи “Parviz TV» дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш кардааст, дида мешавад. Ба назар чунин менамояд, ки ин муноқиша дар кадом як кӯчаи пойтахт сурат гирифтааст.

Ниҳоят, ин видео боиси нороҳатии бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Бисёриҳо ба ин ҷавон нафрат хонданд, ки ӯ мӯйсафедро дашномҳои қабеҳ дода, таҳдиди задан дорад ва инчунин дар назди омма шаъну шарафи ӯро паст мезанад.

“Ин ҷавонро мешиносам. Даврон ном дорад. Аз ноҳияи Рӯдакӣ. Хонааш дар назди пости “Ленский” аст”,- навиштааст яке аз корбарони шабакаи “Инстаграмм”.

Оё ин видео ба дасти мақомоти милитсия расидааст ва нисбат ба ҷавон чораҷӯӣ кардаанд ё не, маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *