Нисбати президенти собиқи Қирғизистон тафтишот оғоз шуд

Дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев низ бо гумони фасодкорӣ тафтишот оғоз шудааст.

Сагинбек Самидин уулу, муовини сардори Идораи тафтишотии Кумитаи амнияти Қирғизистон дар ҷаласаи порлумон гуфт, дар доираи парвандаи бозсозии Маркази гармидиҳии шаҳри Бишкек зидди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев низ бо гумони фасодкорӣ тафтишот оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ин намояндаи Кумитаи амнияти Қирғизистон, ҳамаи маводро аллакай ба Додситонии кулли ин кишвар фиристодаанд.

Вакили порлумони Қирғизистон Канибек Имоналиев гуфт, Отамбоев ба бозсозии маркази гармидиҳӣ шахсан дастур додааст.

Баъди садамаи 26 январи соли 2018 дар маркази гармидиҳии Бишкек се парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Яке аз ин парвандаҳо марбут ба фасодкорӣ ҳангоми интихоби ширкати кироякор аст. Тафтишот мегӯяд, шахсони масъул аз манфиатҳои ширкати TBEA ҷонибдорӣ кардаанд.

Ҳашт тан аз мансабдорони баландпояи Қирғизистон — аз ҷумла сарвазирони пешин Сафар Исҳоқов ва Жантор Сатиболдиев, вазири пешини энержӣ, раиси пешини Холдинги миллии энержӣ, роҳбари ширкати пойгоҳҳои барқӣ, вазири молияи Қирғизистон дар доираи парвандаи мазкур айбдор мешаванд.

Додситонии кулли Қирғизистон Откурбек Ҷамшедов пештар гуфт, тафтишот ҳамчунин ба кори президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев низ баҳои ҳуқуқӣ хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *