Нисбати Саидзода дар Исфара парванда боз карданд

Ҳаҷми пул барои хизмат дар ҳайати эҳтиётиро Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад ва интизор меравад, ки то охири моҳи равон ҳаҷми он расман эълон карда шавад.

Тавре Агентии мубориза бо коррупсия хабар додааст,нисбати ёрдамчии калони зершуъбаи 2-уми Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара Рамазон саидзода парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст. Саидзода дар ин вазифа кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд Алибоев А. барои аз хизмати харбӣ озод намудани бародараш-Алибоев О. бо роҳи қаллобӣ маблағи 9500 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Саидзода барои қаллобӣ бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон хизмати пулакӣ қонунӣ шуд. Шаҳрвандон метавонанд бо пардохти маблағ дар як моҳ дар ҳайати эҳтиётӣ хизмат кунанд.
Ҳаҷми маблағ барои хизмати якмоҳа дар ҳайати эҳтиётӣ то ҳол эълон нашудааст.Ҳаҷми пул барои хизмат дар ҳайати эҳтиётиро Ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад ва интизор меравад, ки то охири моҳи равон ҳаҷми он расман эълон карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *