Нишастҳои матбуотӣ: Беҳтар аст ҳар се моҳ баргузор шавад

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои давлатӣ чун солҳои пешин дар ҳар се моҳ доир гардад. Феълан ин нишастҳо дар шаш моҳ баргузор мешавад.

Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1 август дар ҳамоиши “Дастрасӣ ба иттилоот: вазъи феълӣ ва дурнамо” дар шаҳри Душанбе гуфт, фосилаи кӯтоҳ миёни нишастҳои матбуотӣ барои дастрасӣ ба иттилооти фаврӣ ва шарҳи ниҳодҳои давлатӣ дар мавриди ҳодисаҳои “доғ” муҳим хоҳад буд.

Масалан, нишасти хабарии Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 23 июл, замони муноқиша дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд ва вазир билофосила дар бораи ин ҳодиса ибрози назар карда ва аз рӯйдодҳои охирин журналистонро огоҳ сохт.

Салимзода гуфт, ки ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон бояд дар ростои тағйири муддати нишастҳои матбуотӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон бо дархост муроҷиат кунад.

Дар ҳамин ҳол хабарнигорон аз коҳиш ёфтани теъдоди вазорату идораҳо дар феҳристи нишастҳои матбуотӣ ибрози нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки дар солҳои қаблӣ Сарраёсати қӯшинҳои сарҳадӣ нишасти матбуотӣ доир мекард, аммо дар чанд соли ахир ин ниҳод дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат накардааст. Дар соли ҷорӣ Агентии назорат бар маводи мухаддир низ аз феҳристи нишастҳои матбуотӣ хориҷ шуд.

Хабарнигорон аз сатҳу сифати нишастҳои матбуотӣ интиқод карданд, ки бархе аз вазоратҳо аз ин нишастҳо ҳамчун минбари таблиғоти дастовардҳои худ истифода карда ва ба суолҳои журналистон посухи қонеъкунанда намедиҳанд. Ё худ сухани ифтитоҳии онҳо беш аз 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки муддати нишаст танҳо 1 соат муқаррар шудааст.

Масалан, дар ҳафтаи ҷорӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар нишасти матбуотӣ 46 дақиқа суҳбат кард, ки барои суолу ҷавоб тақрибан фурсате боқӣ намонд.

Баргузории нишастҳои матбуотӣ бар асоси як амри президент аз сентябри соли 2011 ҷараён мегирад ва ба қавли намояндагони матбуот, ин нишастҳо, ки соле ду бор барпо мешаванд, гоҳо ягона манбаи дарёфти иттилои расмӣ ё посухи мақомот ба саволҳои журналистон шудаанд. Созмонҳои журналистӣ солҳои охир аз мушкилтар шудани дарёфти иттилои расмӣ дар сохтору идораҳои давлатии Тоҷикистон шикоят мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *