Нишастгурезон ё рӯзноманигорони «занкалон»-у духтардӯст, кадоме бадтар?
Баъзан дар як нишаст аз як расона як «взвод»журналист ширкат мекард.
Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб низ мисли дигар минтақаҳои кишвар, аз 9 то 19 феврал нишастҳои матбуотӣ доир шуданд. Танҳо раиси як ноҳия якбора «касал» шуду ба нишаст наомад. Ин тоифаи нишатгурез ё аз журналистон дар ҳаросанд ё ҳисоботҳояшонро хонда наметавонанд.
Аммо дар нишастҳои дигари раисони шаҳру ноҳияҳо бошад, боз чанд мансабдор, дурустараш роҳбарони идораю ташкилотҳои нишастгурез маълум шуданд. Чунончи, дар нишастҳои матбуотии ноҳияи Данғара-раиси кооперативи истеҳсолии «Данғара», мудири шуъбаи маориф, шаҳри Нораку ноҳияи Ҳамадонӣ — сардорони ШВКД, ноҳияи Темурмалик — раиси кумитаи замин, Балҷувон– сардори идораи назорати андоз, Муъминобод — сардори Раёсати молия иштирок надоштанд.
Инро чӣ гуна маънидод кардан мумкин? Беэҳтиромӣ, беътиноӣ ба ахбори омма ва журналистон ё ба амри фармони маъмули Президент? Оё акнун онҳоро касе гӯшмол медода бошад? Роҳбарони аз онҳо болояшон, ё чун шахсиятҳои тасодуфӣ, ғайракасбӣ, бемасъулият буданашон имрӯз–пагоҳ худ бо курсиҳояшон хайру хуш хоҳанд кард.
Акнун ду ҳарф оиди фарҳангу этикаи журналистии рӯзноманигороне, ки дар чор нишасти матбуотӣ вохурдем. Як рӯзноманигор бо занаш(?), ки ба матбуот иртиботе надошт ва як бонуи журналист бо духтараш ширкат мекарданд, ки ӯ ҳам аз соҳаи журналистика фарсахҳо дур буд.Кас ҳайрон мешавад, ки онҳо аъзоёни оилаи худро ба кадом хотир бо худ меоранд?
Як рӯзноманигори дигар, ки умраш ба домани 80 дакка хурда истодаасту ягон расонаро муаррифӣ намекунад, «говзурӣ» карда, қариб дар ҳамаи нишастҳо баҳузур мешинад. Баъзан дар як нишаст аз як расона як «взвод» журналист ширкат мекард. Аз радиову «ТВ Хатлон» дар ин нишастҳо ҳатто 3- 4 нафарӣ намояндаҳо ширкат мекарданд. Набояд ин гуна чорабиниҳои ҷиддиро ба майдони масхара табдил диҳем, ҷанобон, раисон ва муҳтарам рӯзноманигорон!…
Нурулло Ҳасанов, журналист аз ноҳияи Муъминобод
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ