Нишасти хабарӣ дар сафорати Фаластин
4 январ дар Сафорати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ гузашт. Сафири Фаластин дар Тоҷикистон Луай Исса бо журналистон сӯҳбати озод намуд.
Давлати Фаластин ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дастгирӣ ва овоздиҳии онҳо ба тарафдории қатъномаҳои Ассамблеяи Генералии СММ, ки сарфи назар аз номумкинии иҷрои онҳо пайи саркашии Исроил ,ки бо дастгирии маъмурияти Амрико сурат мегирад ва ба амният ва субот дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳдид мекунад, изҳори сипос намуд.
Сафир иттилоъ дод,ки дар натиҷаи овоздиҳӣ ба чор қатъномаи Асамблеяи Генералии СММ ки рӯзи чоршанбе 2. 12.2020 баргузор гардид, аксарият ба чонибдории он овоз доданд ки ба манфиати мардуми Фаластин мебошад.
Дар нишасти матбуоти донишҷӯёни тоҷик низ иштирок карда, доир ба таҳсил дар донишгоҳҳои Фаластин ва имкониятҳои он саволу ҷавоб карданд. Дар охир як филми таърихӣ дар бораи давлати Фаластин намоиш дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ