Нишасти ИДМ: Муовини сарвазир ба ҷои президент

Роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъди гуфтугӯ паси дарҳои баста раёсати даврии ин созмонро ба Туркманистон супурданд.

Нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ рӯзи 28-уми сентябр дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд. Аз сабаби он,ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти  Туркманистон ба ин нишаст наомад, Пурли Оқомуродов, муовини сарвазири Туркманистон, ба намояндагӣ аз ӯ раёсати даврии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро қабул кард ва гуфт, дар як соли оянда «барои рушди муносибатҳои кишварҳои узв» ва бахусус ривоҷи ҳамкориҳои иқтисодӣ талош мекунанд.Дар нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ 16 масъала, аз ҷумла мубориза бо терроризм баррасӣ мешавад.Бар асоси пешниҳоди Туркманистон нишасти сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 11-уми октябри соли оянда дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *