Нишасти изтирории «ТоҷикЭйр» дар Хуҷанд
Ҳавопаймои ширкати «Тоҷикайр», бинобар сабабҳои техникӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд ба таври изтирорӣ фуруд омад ва намояндагони фурудгоҳ мегӯянд, хушбахтона зимни ин ҳодиса касе осеб надидааст.
Яке аз шоҳидони ҳодиса гуфтааст, ки “дар фурудгоҳ вазъи фавқуллода эълон шуд ва мақомоти қудратӣ, мошинҳои сӯхторнишонӣ ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба фурудгоҳ сафарбар шудаанд.»Дар дафтари маълумоти фурудгоҳи Хуҷанд шаби 9-уми март гуфтанд, ки “дар воқеъ ҳавопаймои хатсайри Хуҷанд-Маскав таҳти рақами 645 дар фурудгоҳ нишасти изтирорӣ анҷом дод. Фуруд бе ягон ҳодиса сурат гирифт ва ҳамаи 140 мусофири ҳавопаймо сиҳату саломатанд ва ҳеҷ касе аз онҳо осеб надидааст.Ба қавли намояндаи фурудгоҳ ба ҳавопаймо муяссар нашудааст, ки дуруст парвоз кунад, аз ин сабаб баргаштааст. Сабабҳои нишасти изтирорӣ ҳанӯз маълум нест ва “роҳбарият онро дертар эълон мекунад.“ Баъзе шоҳидон гуфтаанд,ки , гӯё зимни парвоз чархи ҳавопаймо осеб дидааст. Бино ба иттилои ширкати «Тоҷикаэронавигатсия» ҳавопаймое, ки соати 19:00 аз Хуҷанд бархост, ҳавопаймои Боинг 733 будааст.Ҳавопаймо пеш аз нишаст ду соат дар фазои шаҳри Хуҷанд парвоз кардааст, то маводи сӯхташро кам кунад ва сипас бинишинад. Аввал дар бораи парвози тулонии ҳавопаймо дар болои шаҳр корбарони Фейсбук хабар додаанд.Чаҳор сол пеш низ ҳавопаймои «Боинг-737» — ширкати «Тоҷикэйр» зимни бозгашт аз шаҳри Маскав ба мушкилот дучор шуд ва баъди 3 соати парвоз дар болои шаҳри Хуҷанд дар фурудгоҳ нишаст ва касе ҳам дар он замон осеб надид.Ширкати «Тоҷикэйр» дар ихтиёраш 36 ҳавопаймо дорад вале 6 тои он умдатан дар хатсайрҳои байналмилалӣ парвоз мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ