Нишасти матбуотии пешакии «Истиқлол» ва «Бенгалуру»

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО мерасонад, ки имрӯз- 26 сентябр соати 11.00 дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» дар арафаи вохӯрии аввалини байниминтақавии финали Ҷоми КФО-2017 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Бенгалуру» (Ҳиндустон) нишасти матбуотии пешакӣ баргузор мешавад.

Ба саволҳои рӯзноманигорони варзиш сармураббиҳои  дастаҳо Муҳсин Муҳаммадиев и Алберт Рока Пуйол, инчунин як футболбоз аз ҳар ду даста дар толори конфронсҳои «Брюссел»посух медиҳанд.

Баъди анҷоми нишаст ба намояндагони ВАО  бейджҳои аккредитасионӣ дода мешавад. Барои маълумот бо телефонҳои 911100014  ё 918667387 (Фаридун Солиев), 987351111 (Рустам Ҳакимов) муроҷиат намоед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *