Нишона ҳам ба “Guli mata” “ковер” хонд

Сарояндаи хушовози тоҷик Нишонаи Рустам таронаи нави худро бо номи “Guli mata” нашр кард.

Нишонаи Рустам дуюмин овозхони тоҷик аст, ки ба суруди “Guli mata”-и овозхони марокашӣ Саад Ламдҷарред “ковер” омода кардаву сароидааст. Пеш аз ин Нишонаи Рустам Ёсамин Далватова сурудашро пешниҳод карда буд.

Сарояндаи тоҷик “Guli mata”-ро дар шакли “mood video” пешниҳод кардааст. Яъне, ӯ дар саҳнае бидуни навозандагону тамошобинон дар назди балангӯяд сароидааст.

Нишонаи Рустам дар оҳанги “Guli mata” матни тоҷикӣ гузоштаву сароидааст, вале нақароти суруд ҳамоно бо забони асл аст.

Дар он чунин мисраъҳо ҷой доранд:

— Ашки ту, гаҳе хашми ту,

Мешавам мадюни рашки ту.

Сад сипос, бароям туӣ хос,

Надорам аз касе бо ту ҳарос.

Ёдовар мешавем, ки Нишонаи Рустам чанде пеш ба таронаи машҳури “Беҳет қул медим”-и Муҳсин Ягона “ковер” хонда буд ва то ҳол наздики ним миллион маротиба бозбиниву шунида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *