Нишони Гулмурод Ҳалимов дар Душанбе
Гулмурод Ҳалимов «вазири ҷанг»-и ДИИШ баъди табобат дар Эрон гӯё ба Афғонистон омадааст. Дар ин бора сомонаи «Ахбор” хабар медиҳад. Ба гуфти ин манбаъ гӯё мақомоти Тоҷикистон низ аз омадани полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов ба Афғонистон хабар доранд.
Як мақоми истихборотии Афғонистон ба сомонаи «Ахбор” гуфт, мақомоти тоҷик аз ниҳодҳои истихборотии Афғонистон дар бораи ба ин кишвари ҷангзада омадани полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов иттилоъ дарёфт кардаанд. Бино ба ин маълумот, «вазири ҷанг”-и ДОИШ баъди ҷароҳати сахт бардоштанаш дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Ироқ барои табобат ба Эрон оварда шуда, баъди анҷоми табобаташ аз тариқи ин кишвар вориди Афғонистон шудааст. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати «Ахбор”, Гулмурод Ҳалимов баъди шикасти ДОИШ чандин моҳ дар бемористони Эрон будааст.
Тасдиқивоқеияти ин хабари пуриддао дар бораи дар Эрон табобат гирифтани «вазири ҷанг”-и ДОИШ ва бо кумаки мақомоти Эрон ба Афғонистон рафтани ӯ сахт мушкил аст. Мавзӯи дасти Эрон дар интиқоли Гулмурод Ҳалимов аз Ироқ ба Афғонистон дар ҳоле пайдо шуд, ки равобити Тоҷикистону Эрон марҳалаи сахту пуртанишеро тай мекунанд ва Душанбе дар ин авохир чандин бор Эронро ба дахолат дар умури сиёсиаш, маблағгузории оппозитсияи тоҷик ва ҳатто нақшаи эҷоди хушунатҳо ва анҷоми амалҳои террористӣ дар дохили Тоҷикистон айбдор кард.
Ҳамсӯҳбати «Ахбор” мегӯяд, «дар ҳоли ҳозир, Гулмурод Ҳалимов яке аз фармондеҳони калидии ДОИШ дар Афғонистон ба шумор меравад, вале на ҳама ҷангиён ба ӯ эътимод доранд. Як мояи нобоварӣ ба Ҳалимов, ба гуфтаи ин мақоми истихборотии афғон собиқаи ӯст ва бархе гуруҳҳои ҷангиён фикр мекунанд, ки Гулмурод Ҳалимов дар асл гумоштаи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки махсус барои ошкор кардани исми ҷангиёни тоҷик ба даруни ДОИШ фиристодаанд.”
Хабари алакай дар Афғонистон будани Гулмурод Ҳалимовро 10 рӯз қабл Додоҷон Атовуллоев, роҳбари Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон нашр кард. Додоҷон Атовуллоев дар суҳбат бо сомонаи «Ахбор” бар пояи маълумоти манобеаш дар дохили Афғонистон гуфт, Гулмурод Ҳалимов дар пайи ҷамъоварии нирӯ буда, фикри ҳамла ба Тоҷикистонро дар сар дорад: «Ба гуфтаи манбаъҳое, ки бо ман аз дохили Афғонистон сӯҳбат карданд, Гулмурод Ҳалимов дар инҷо бо шумори бузурги муҳофизон мегардад ва ҳатто фармондеҳони маҳалли афғон аз ӯ мекебанд. Ба гуфтаи онҳо, Ҳалимов дар инҷо аскар ҷамъ карда истодааст ва эмиссарҳои ӯ дар Русия аз байни муҳоҷирон барои вай нирӯи нав меҷӯянд. Ӯ қасд доштааст, ки марзи Тоҷикистонро гузарад.”
Як афсари мустаъфии тоҷик, ки ҳаракоти гуруҳҳои ифротӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёнаро пайгирӣ мекунад, дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор” гуфт, бори аввал хабари дар Афғонистон будани Гулмурод Ҳалимов ҳанӯз дар аввали соли 2018 пайдо шуда буд: «Ҷунбиши Толибон дар Телеграм-каналаш видеои як асири тоҷикистониро гузошт. Ин асир мегуфт, ки онҳо аз Тоҷикистон даҳҳо нафаранд, ки дар Афғонистон дар сафи ДОИШ меҷанганд ва ба онҳо Гулмурод ном полковник роҳбарӣ мекунад. Ин видео ҳамагӣ чанд соат дар Телеграм буд ва сипас баъд ғайб зад. Моҳи феврал дар Телеграм паёми видеоии худи Гулмурод Ҳалимов ҳам пайдо шуд ва ёд дошта бошед, Телеграм барои чанд рӯз дар Тоҷикистон масдуд ҳам шуд.”
Як манбаъ дар мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ҳамин ҳол, мегӯяд, бино ба иттилои онҳо, феълан дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳудуди ду ҳазор ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла зодагони Тоҷикистон ҷамъ шудаанд ва «маълум нест, ки чиро ва фармони киро мунтазиранд?” Ин ҷангиён пинҳон намекунанд, ки дар сар азми бозгашт бо силоҳ ба Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ба ин сӯи Омӯ кӯчондани доманаи ба ном «ҷиҳод”-ашонро доранд.
Ин манбаи «Ахбор” низ бидуни бурдани исми кишвари мушаххасе гуфт, ба маълумоти онҳо, «ҷангиёни дар сарҳад ҷамъшуда аз ҷониби сафорати кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе идора мешаванд.”
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба таври расмӣ хабарҳо дар бораи алакай дар Афғонистон будани полковник Гулмурод Ҳалимовро шарҳ надодаанд. Тасдиқи хабари дар Афғонистон будани Ҳалимов ва омодагии ӯ барои гузаштан аз марзи Тоҷикистон тавассути манобеи дигар феълан имкон надорад.
Полковник Гулмурод Ҳалимов 43 сол дошта, соли 1975 дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Ӯ дар вақташ дар Амрикову Русия тамринҳои махсуси зиддитеррористӣ гирифта, фармондеҳи ОМОН – воҳиди вижаи ВКД Тоҷикистон буд.
Дар баҳори соли 2015 Гулмурод Ҳалимов бо чанд тан аз зердастонаш ба таври мармуз аз Душанбе ғайб зад. Баъди чанд ҳафта ӯ дар як видео, ки дар Интернет нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро ба пешбурди сиёсати зиддиисломӣ айбдор кард ва гуфт, ба Сурия омада, ба сафи ДОИШ ҳамроҳ шудааст.
Гулмурод Ҳалимов дар ҳамон соли 2015 дар яке аз ҷангҳо аз пояш тир хӯрд, вале баъд дар сафи ДОИШ «карйера”-и калоне кард. Ҳалимов аз ҷумла дар соли 2017 фармондеҳии ҷабҳаи мудофиаи Мосул – дуюмин шаҳри бузурги Ироқ ва «пойтахт”-и қисмати ироқии сарзаминҳои таҳти назорати ба ном»хилофат”-и ДОИШ-ро ба дӯш дошт.
Баъди аз даст додани Мосул гузоришҳое ба даст расид, ки Ҳалимов «вазири ҷанг”-и ин созмони террористӣ таъйин шудааст.
Дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов дар Ироқу Сурия гузоришҳои зиёде дар ин муддат нашр шуданд, вале хабари марги ӯ расман тасдиқ нашудааст.
Дар Тоҷикистон базидди ин полковники фирорӣ бо иттиҳоми хиёнат ба Ватан ва зархаридӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро тавасссути Интерпол таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Вазорати молияи Амрико низ барои маълумот дар бораи куҷо будани Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза ваъда додааст.
Писари 18-солаи ӯ Беҳрӯзи Гулмуродзода моҳи апрели соли2017 чиптаи парвози Душанбе – Маскав дастгир гардида, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот гуфтанд, ки ӯ мехост аз тариқи Русия ба пеши падараш ба Сурия биравад.
Моҳи июли соли 2017 дар як тирпарронӣ дар ноҳияи Восеъ 4 тан аз бародарону бародарзодаҳои Гулмурод Ҳалимов кушта, се тани дигар аз хешовандонаш дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Мақомот гуфтанд, ки онҳо бо дастури Гулмурод Ҳалимов мехостанд ба Афғонистон рафта, ба сафи ДОИШ бипайванданд.
Хабари дар Афғонистон будани Гулмурод Ҳалимов дар ҳоле расид, ки бино ба гузоришҳо, ДОИШ ҷои пояшро дар он кишвари ҷангзада, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр марзи муштарак дорад, торафт тақвият медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ