Нишони Тоҷикистони советиро барканданд. Ба ҷояш соат мегузоранд

Дар кучаи марказии пойтахт, назди бинои парлумони кишвар пояи сутун бо Нишони ҶШС Тоҷикистон моҳи декабри соли 2015 кӯчонида шуд. Ба  ҷои он  манораи 18 метра бо соати истеҳсоли Туркия қомат меафрозад, хабар доданд, аз парлумони Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ,   атрофи манораро гулгашт зебу зинат дода, сохтмони манора моҳи марти соли оянда ба итмом мерасад. Ҷойи сохтмони манора панҷарабандӣ шуда, корҳои сохтмон оғоз гардидааст.

Санаи 12 декабри соли 2015 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе (майдони В.И.Ленин дар замони шӯравӣ) пояи сутун бо нишони ҶШС Тоҷикистон, ки ба муносибати 20-солагии ҶШС Тоҷикистон соли 1949 қомат афрохта буд,  кучонида шуд.

Сабаби кӯчонидан халали он ба амалисозии Нақшаи генералии пойтахт унвон шуд. Қаблан як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт   дар ин робита изҳор намуда буд, ки моҳи августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пояи сутун бо нишони давлатии Тоҷикистон бунёд гардид ва аз нигоҳи меъморӣ, дар як майдон воқеъ будани ду нишон зарурат надорад.

Пояи сутуни кӯҳна шабона кӯчонида шуд, то  ба ҳаракати нақлиёт дар маркази шаҳр халал эҷод нагардад. Пояи сутун ҳамчун мероси замони шӯравӣ ба ихтиёри Фонди адабии Тоҷикистон супорида шуд. Дар ҷойи он гулгашт бунёд гардид.

 Қобили зикр аст, ки баландии пояи сутуни нав бо Нишони давлатии Тоҷикистон 45 метр буда, паҳнои он 5 метр аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *