Нисо Рустамова: Духтарони тоҷик серталошу самимиянд

Нисо Рустамова аввалин тоҷикдухтаре аст, ки дар самти навохтани асбобҳои зарбӣ фаъолият мекунад. Дар ҷашнвораи байналмилалии зебоӣ ва истеъдодҳои “Марворидҳои ҷаҳон-2023”, ки байни 15 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Нисо сазовори ҷоизаи “Бону ҳассосият” гардид. Бо Нисобону оид ба таҳсилаш берун аз Ватан, аз риштаи бокс ба мусиқӣ гузаштан ва соҳиби унвони “Зебосанам” шуданаш суҳбате кардем, ки фишурдаашро манзури шумо мегардонем.

— Нисо чӣ гуна соҳиби ҷоизаи “зебосанам” шуд?

Азбаски дар Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганов дар риштаи омӯзиши асбобҳои зарбӣ таҳсил мекунам, байни донишҷӯдухтароне, ки дар шаҳри Қазон таҳсил менамуданд, озмуни “Зебосанам”-и Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин озмун иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ байни 7 нафар духтарони тоҷик  “Шоҳҷоиза”-ро ба даст овардам. Баъдан ба ман барои иштирок дар озмуни “Марворидҳои ҷаҳон — 2023” роҳхат доданд.

— Аз озмуни “Марворидҳои ҷаҳон” чӣ бардошт кардед?

— Ҳеҷ чиз ба муҳаббати қалбҳо баробар шуда наметавонад. Ҳарчанд дар озмуни мазкур забону ватани иштирокчиён як набуд, новобаста аз он ки мо аз давлатҳои мухталиф будем ва рақиб ҳам маҳсуб меёфтем, вале ҳамдигарро дастгирӣ мекардем. Ҳар кумаку дастгирие, ки аз дастамон меомад, аз ҳамдигар дареғ намедоштем.

— Дар раванди таҳсил миёни духтарони тоҷик ва Қазон чӣ тафовут дидед?

-Фарқият миёни мову онҳо зиёд аст. Тарзи фикрронӣ, либоспӯшӣ, урфу одат ва ҳатто таҳсили онҳо дигаргуна аст. Духтарони тоҷик серталош ҳастанду хеле орому самимӣ.

— Чаро барои таҳсил донишгоҳи берун аз Тоҷикистонро интихоб кардед?

-Ман аз хурдӣ ба мусиқӣ ва варзиш шавқу рағбат доштам. Азбаски модарам аз мусиқӣ огоҳ буд, маро аз 7-солагиам ҳамроҳаш ба мактаби мусиқӣ мебурд, он ҷо ман фортепиано менавохтам. Баъдан Всеволод Ҷавадзода аз мактаби мусиқии ба номи М. Атоев ба модарам пешниҳод кард, ки маро шогирд гирад, зеро духтарон дар ин самт набуданд. Вақте ба омӯзиш пардохтам, дар гурӯҳи мо аз 27 нафар 26 нафарашон писарон буданд. Асбоби зарбӣ барои мардон аст ва ба духтарон мушкилиҳо пеш меорад, зеро хеле вазнин буда, онро аз як синф ба синфи дигар ва ё ба саҳна баровардан қувватро талаб мекунад. Ба ҳамаи ин сахтиҳо нигоҳ накарда, ба ман муяссар гардид, ки дар навохтани асбоби мазкур муваффақ гардам. Азбаски дар кишвари мо оид ба навохтани асбобҳои зарбӣ мутахассис набуд, маҷбур шудам таҳсилро берун аз Ватан идома диҳам.

— Шакли таҳсил дар онҷо чӣ гуна аст?

— Ман тариқи буҷавӣ таҳсил мекунам. Ҳеҷ душворие надорад. Мегӯянд, ки агар талош намоӣ, муваффақият ҳатман насибат мешавад.

— Дар оянда нияти бозгашт ба Ватанро доред?

-Бале, мехоҳам баъди хатми донишгоҳи Қазон ба Тоҷикистон омада, дар ин ҷо кору фаъолиятамро давом диҳам ва дар ин самт шогирд омода созам.

— Чанде пеш аз шавқ доштани худ ба варзиш ҳарф задед. Оё худро дар ин самт низ санҷидаед?

Ман чемпиони дукаратаи Тоҷикистон оид ба бокс ҳастам. Пеш аз ба Қазон рафтанам, бо сабаби хуб набудани вазъи саломатӣ аз варзиш дур шудам. Фаъолият дар ду самт бароям мушкил буд. Вақте ки дар бокс лӯлаи муштзанӣ (груша)-ро мезанӣ, рагҳои дастон маҳкам мешаванд ва ҳангоми навохтани асбоб дастонат бояд кушода бошанд. Ҳар вақте баъди тамрин ба дарси мусиқӣ мерафтам, устод мегуфт, ки дастонат боз маҳкаманд.

— Дар идомаи таҳсил ва амалӣ гаштани ниятҳои некатон ба шумо комёбӣ мехоҳем!

— Ташаккур!

Мусоҳиб: СУМАН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *