Ниссои одамфурӯш ба 8 соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба  Мирзоева Ниссо  Исроиловна,  соли таваллудаш 1989,  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Фирдавсӣ, бинои 44,  хонаи №17  бо айбдорӣ  дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 130, эзоҳи 1,  қисми 2, бандҳои «б, ё»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.

Н.Мирзоева барои хариду фурўши одамон, яъне бо мақсади  суиистифода (суиистифодаи  фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи  шаҳвоният), ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан ва фиреб, бо аломатҳои аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад.

Судшаванда  бархилофи арзишҳои ахлоқии ҷомеа амал намуда, моҳи июли соли 2016 бо шахси шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номи «Нодира»  маслиҳат намуда,  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷинсашон занро пайдо намуда, бо роҳи фиреб тариқи ҳавасмандкунии моддӣ  ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб равон карда, барои фаъолияти шаҳвонӣ хариду фурӯш менамудааст.

Номбурда  моҳи июли соли 2016 дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе бо шаҳрванд Забирова Робиямоҳ Қурбоналиевна вохӯрда, бо роҳи фиреб ва истифода аз вазъи ногувори зиндагии номбурда ӯро барои  пешниҳоди кор дар яке аз кошонаҳои ҳусни   шаҳри Дубай ҷалб намудааст.

Ниссо Мирзоева дар ин бора ба  «Нодира»  хабар дода, ба номи Р. Забирова раводид омода карда, барои сафар намуданаш  ба шаҳри Дубай 29 августи соли 2016 чиптаи ҳавопаймо харид намудааст. Номбурда дар ҳамин рӯз   шаҳрванд Р. Забироваро ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе бурда, ба шаҳри Дубай равон мекунад.

Дар шаҳри Дубай Р. Забироваро «Нодира» қабул карда, оид ба мавҷуд набудани ягон хел кор дар  кошонаи ҳусн  ба ӯ хабар  дода,  ӯро муттаҳам мекунад, ки барои раводид, чипта ва харидани ӯ  аз  Н.Мирзоева  8000 доллари ИМА сарф кардааст. Р.Забироваро маҷбур мекунад, ки ин маблағро  барқарор кунад.

Вақте ки Н.Мирзоева 7 сентябри соли 2016  ба шаҳри Дубай сафар мекунад,  Р. Забирова  оид ба  мушкилоти ҷойдоштааш ба ӯ мегўяд.

Н.Мирзоева  бо баҳонаи ҳарчӣ зудтар озод кардани Р.Забирова аз ин мушкилот,  10 ва 11 сентябри соли 2016 ӯро 2 маротиба ба клубҳои шабона бурда, ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхта, дар маҷмӯъ 900 доллари ИМА ба даст меоварад. Номбурда ба Р. Забирова  ваъда медиҳад, ки ба номи ӯ  чиптаи ҳавопаймо мехарад ва ӯ метавонад ба  Душанбе  баргардад.

Аммо Н. Мирзоева  ин дафъа ҳам  Р. Забироваро   фиреб  дода, 13 сентябри соли 2016 ба номи худ чиптаи ҳавопаймо харида,  ба Тоҷикистон меояд.

Пас аз омадани  ӯ «Нодира» Р. Забироваро ба манзили истиқоматии худ бурда, баҳри барқарор кардани маблағи дар боло зикршуда ва ба даст овардани фоидаи пулӣ  то  24 сентябри соли 2016 бархилофи озодии шахсӣ ва иродааш  ӯро хариду фурӯш  менамояд.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  Мирзоева Ниссо Исроиловна дар содир намудани ҷинояти бо моддаи дар боло зикршуда   гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи  ислоҳии дорои низоми  умумӣ таъйин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *