ҲНИТ — то табаддулот се рӯз монда буд
Мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампур бо судяе, ки фаъолияти ҲНИТ-ро манъ намуд
Қарори Суди Олии ҶТ дар бораи манъ кардани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ -экстремистӣ шинохтани он боиси ҳамоиши ҷонибдорони ин ҳизб дар шаҳрҳои Берлин ва Варшаваи Лаҳистон гардид. Дар ин ҳамоишҳо қонунӣ будани ин қарор зери шубҳа гузошта мешавад. Оё Суди Олии ҶТ барои чунин қарор баровардан асоси ҳуқуқӣ дошт ва ё ин амал дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифт? Барои дарёфти посух ба ин савол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо як номаи расмӣ ба Суди Олии ҶТ муроҷиат намуд. Азизов Шамс Одинаевич, судяи Суди Олӣ, ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, омодагӣ зоҳир намуд, ки ба саволҳои «Тоҷикистон» посух гуяд:
-Муҳтарам Шамс Одинаевич, тибқи қарори Суди Олӣ ҲНИТ ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид. Баъд аз гузашти вақт аъзо ва ҳаводорони ин ҳизб қонунӣ будани ин қарорро зери шубҳа гузоштанд ва ҳоло созмонҳои байналхалқиро мехоҳанд ба ин хулосаи худ мутмаин созанд. Шояд онҳо барои чунин хулоса баровардан асос доранд ва дар бастани фаъолияти ин ҳизб шитобкорӣ роҳ ёфт?
-Дар ин кор ҳеҷ шитобкорие роҳ наёфтааст. Вобаста ба ҳар масъалаи мавриди баҳс назарҳо гуногун мешаванд, аммо вақте сухан дар бораи тасмимҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ меравад, на ҳар кас ба онҳо баҳои дуруст дода метавонад. Хусусан, дар мавриде, ки таҳлилу баҳогузорӣ хусусияти сиёсӣ, манфиатҷӯёна ва иғвоангезона пайдо мекунад. Исботашро дар баромаду суханрониҳои пайвастае, ки аз минбарҳои гуногун садо медиҳанд, мебинему мешунавем. Ин афкору андешаҳо саропо аз шиору даъватҳои моҷароҷӯёна иборат буда, мақсади асосиашон таҳрифи воқеият мебошад. Даъвоҳо пуч, холӣ аз санаду далелҳо, ягон асоси ҳуқуқӣ надоранд. Ҳол он ки сари баррасии чунин мавзӯъҳо бояд танҳо ба ҷанбаҳои ҳуқуқии масъала такя карда шавад. Дар асоси моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.ҲНИТ 4-уми декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз кард. Яъне, дар ҳамон давра, гурӯҳе бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш муттаҳид шуданд ва ҳизби сиёсӣ ташкил намуданд. Аммо раванди минбаъдаи иқдомоти сиёсии онҳо, дақиқтараш кирдору рафтори роҳбаронашон нишон дод, ки нияташон холисона, пок нест. Баррасии парванда собит сохт, ки онҳо бозичаи дасти дигаронанд ва аз берун идора мешаванд. Фаъолияти ҳизбии худро дар асоси дастуру супоришҳои бегонагон роҳандозӣ мекунанд.
Новобаста ба ин, дар ҳошияи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, тибқи қарори Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи соли 1999 фаъолияти ҲНИТ дар ҷумҳурӣ аз нав иҷозат дода шуд ва 28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуд. Ҳизб мебоист тибқи оинномааш-ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои Тоҷикистон амал мекард.
— Магар ҲНИТ дар доираи оинномааш фаъолият надошт?
…
Матни пурраи мусоҳибаро дар ҳафтаномаи
«Тоҷикистон» мутолиа кунед
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ