«Нива»- и фартут! Аввалин нигораи осорхонаи “Пешвои миллат”
— Ҷӯраи ман Мирзобай инҷост? – рӯй овард Президент ба толор.
Марди қирғизбашараи зери таъсири нурҳои тези офтоб гандумгунгашта аз ҷой боло шуд. Ӯ раиси ноҳияи Мурғоб Ҷӯшбаев Мирзобай буд. Чор ҳазор чашмони сокинони Бадахшон, ки дар боғи ботаникии шаҳри Хоруғ барои мулоқот бо Президент ҷамъ омада буданд, ба ӯ дӯхта шуданд.
-Ҳамон курятник (мурғхона) ҳаст?- пурсид аз ӯ Президент.
Аз дур садои ӯро нафаҳмидам. Вале аз сарҷунбониаш дарк кардам, ки посух мусбат аст.
— Онро ба ман туҳфа кун, ё мехарам, — бо нармӣ гуфт Президент ва илова намуд: — Ҷойи он музей аст.
Аз чеҳраи ҳозирин ҳувайдо буд, ки намедонанд дар бораи чӣ сухан меравад. Инро Президент ҳам дарк кард.
-Ин ҳодиса ҳангоми сафари нахустини ман ба Мурғоб рӯй дода буд,- ба сухан омад ӯ. Дар як қисмати роҳ халабони чархбол изҳор намуд, ки дигар пеш рафта наметавонад. Пардаи ғафси абр пеши чархболро гирифта буд. Ба ӯ гуфтам, ки роҳи бозгашт нест. Халабон: «Ба кӯҳ мезанем, мурдан намехоҳам»,- гуфту чархболро пас гардонид. Воқеан ҳам, роҳи бозгашт набуд. Мо бояд ба маркази Мурғоб мерафтем ва бо мардум мулоқот меоростем. Ба ӯ дастур додам, ки ба замин фуруд ояд. Ҳаво сард, дашт беканор буд. Тасмим доштам пиёда аст, ё савора худро ба маркази Мурғоб расонам. Инро истиқлолият, якпорчагии Тоҷикистон тақозо мекард. Аз дур чанд хонае ба чашм мерасид. Бо Қоимдодов ва ду нафар муҳофизон раҳ ҷониби он гирифтам. Деҳае буд, он вақт намедонистам чӣ ном дорад. Назди идораи ҷамоат рафтем. Дари он бо қулфе, ки дар бузургӣ қулфи бонкро ба хотир меовард, баста буд. Аз куҷое раиси ҷамоат пайдо шуд. Ӯ маро шинохт ва ба хонааш даъват намуд. Лаҳзае нагузашта, табақи гӯшти қутосро наздамон гузошт. Аҷаб марди меҳмоннавозе буд. Вале фикри ман банди андешаи дигаре буд: чӣ гуна худро ба маркази Мурғоб расонам. Пурсидам:
- Дар деҳа мошин ҳаст?
Раис ботаассуф сар ҷунбонд ва гуфт , ки танҳо ӯ як «Нива”-и фарсудаи бе ду чарх ва аккумулятор дошт, ки ҳамсараш ба мурғхона табдил додааст.
- Хар ҳаст?- пурсидам аз ӯ.
Раис ба андеша афтод ва берун рафт. Пас аз чанде пайдо шуд. Дар чеҳрааш хурсандӣ ҳувайдо буд.
-Шуд, -гуфт ӯ.
-Чӣ шуд ?- пурсидам.
-Мошин.
Фаҳмидам, ки ӯ бар ивази гӯсфанде ду балон харидааст ва аз куҷое аккумулятор пайдо кардааст.
Ману Қойимдодов ва ду муҳофиз ба роҳ баромадем. Афсӯс мехӯрам, ки суратгире набуд, ки акси мову он мошинро гирад. Мошин аз роҳ ҳам фарсудатар буд, як тараф мегардонӣ, ҷониби дигар меравад. Бӯи мурғ ба димоғу либосамон нишаста буд. Мошин бардорузан карда, моро ба даромадгоҳи маркази Мурғоб расонид. Абрҳо аллакай парешон гашта буданд. Ин дам чархбол аз болои мо гузашт. Мо ҳам ба назди идораи ҳукумат расидем. Аммо он ҷо касе набуд. Ҳама барои истиқбол ба фурудгоҳ рафта буданд…
Мардум бо шавқ нақли Президентро гӯш мекарданд.
-Ин ҳам як порча аз таърихи бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, — ба сухан омад профессори Донишгоҳи шаҳри Хоруғ Назришо Офаридаев, ки дар паҳлӯям менишаст.
Рӯзноманигори номдор Қурбон Аламшоев, ки дар паҳлуи дигари ман менишаст ва ба ҳар сухану амал аз нигоҳи интиқод назар меандохт, чашм ба Президент ҳушу гӯш шуда буд.
-Масоили марбут ба Мурғоб зиёданд. Ман мехоҳам як силсила мавод нависам, — ба сухан омад Қурбон Аламшоев.
Банда ҳам бо як дӯсти фозилам январи имсол ба Мурғоб сафар доштам. Мурғоб аз чор се ҳиссаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст (38.4 ҳазор км. мураббаъ, аҳолӣ 15000), вилояти Бадахшон аз чор се ҳиссаи Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Мурғоб бузургтарин манбаи сангҳои қимматбаҳою ороишӣ, қаълагии пошхӯрда, маъданҳои полиметалӣ, тилло, нуқра, бор, шпати обшаванда, уран ва литий аст. Дуруст аст, ки дар Мурғоб таваҷҷуҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ кам аст, аз 14 мактаби мавҷуда ҳамагӣ ду мактаб синфхонаҳои тоҷикӣ доранд, дар мактабҳо забони тоҷикӣ ҳафтае ду соат таълим дода мешавад, хонандагон аз рӯйи барномаҳои таълимии Кирғизистон таҳсил мекунанд, хонандагони мактабҳо Қирғизистонро барои идомаи таҳсил интихоб мекунанд, тиҷорати ноҳия асосан бо Қирғизистон ба роҳ монда шудааст ва гӯшти говҳои қутос дар бозори ин кишвар тиҷорат мешаванд…
Дар чанд дақиқаи саволу ҷавоб бо раиси ноҳия аудитория дарк кард, ки Президенти кишвар аз ин ҳама мушкилот огаҳӣ дорад. Аммо ғамхорӣ ба мардуми ин минтақа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зисти мардуми Мурғобро Пешвои миллат дар ҷойи аввал қарор дода буд. Ӯ ба мақомоти марбута дастур дод, ки барои мардуми ин диёр дар кӯтоҳтарин муддат маводи хӯрока захира намоянд.
Дар суханронии Президент вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқии вилоят дақиқ мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Дар давраи истиқлолият барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии вилоят зиёда аз 7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Шаҳракҳои нав аз қабили Раҳмонобод ва Ғудара қомат рост мекунанд, садҳо километр шоҳроҳҳо бунёд мешаванд. Дар ҳудуди вилоят ба истиқболи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани 83 иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи 282 миллион сомонӣ дар марҳилаи ба анҷом расонидаанд. Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ 224 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 32 ҳазор нафар хонанда бунёд гаштанд. Ҳоло дар вилоят 48 корхона ва 62 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият дошта, илова бар ин, дар давоми соли 2016 бунёди 20 корхонаву коргоҳҳои нав бо садҳо ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли ҷорӣ ва ду соли минбаъда сохтмони 37 бинои таълимӣ барои беш аз 2300 ҷойи нишаст ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бунёди 48 неругоҳи барқи обии хурду миёна бо иқтидори истеҳсолии 48 мегаватт дар вилоят меваи дарахти истиқлолият аст. Ин ҳама, ки муҳиманд, дар суханронии Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат садо доданд ва ин рӯйхатро метавон идома дод.
“-Аз ҳама бештар ба мардум самимӣ ва ошкоро сухан гуфтани Пешвои миллат писанд аст”,- мегӯяд рӯзноманигори собиқадор Мирзоазиз Мирзоқандов.
Фаъолони вилоят дарк карданд, ки мисол овардани мошини “Нива” як чизи рамзӣ буд. Рамзи роҳи душвори истиқлолият. Ва дар музей гузоштани ин мошин сабти таърих гаштани ин роҳи душвор аст. Дар Ҷопон ҳанӯз харобаҳои Херосимаро (соли 1945 ИМА ба шаҳрҳои Херосима ва Нагасаки бомбаи атомӣ партофта буд) ҳифз мекунанд. Исроил аз хотираҳо Халакосро барқарор мекунад. Вале мо харобаҳои замони ҷанги шаҳрвандиро ҳифз накардем, куҳнахонаҳои замони Шӯравиро аз байн мебардорем ва намедонем дар мисоли чӣ насли ояндаро тарбия кунем, нафаҳмонем, ки кӣ будему кӣ шудем, Истиқлолият ба мо чӣ дод. Таърихи 28 июн, дар Хоруғ, дар ҷойи таърихӣ — Боғи ботаникӣ, гумон мекунам хишти аввали ин музеи таърихӣ гузошта шуд. Шояд ба ифтихори 25 -солагии Истиқлолият ин музей бунёд гардад ва ба он номи музеи «Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» гузошта шавад. Гумон мекунам, яке аз экспонатҳои аввалини он «Нива»- и фартути замони Шӯравӣ хоҳад буд, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон бо он ба Мурғоб сафар карда буд.
(Давом дорад)
Шариф Ҳамдампур,
Душанбе – Бадахшон -Душанбе
Дар шумораи оянда мутолиа кунед:
Тоҷики асил — бобои қирғизи 85 -сола чӣ гуна дасти Пешвои миллатро фишурд ва ба сарвазир Қоҳир Расулзода чӣ гуфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ