Ният қасди дил аст, чӣ дар намоз, чӣ дар закот ва чӣ дар рӯза

Дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба як қатор саволҳои суолгузорандагон посух дод, ки беҳтаринҳояшро пешкаши хонандагони азиз месозем.

Баҳром ном муҳоҷир аз шаҳри Новосибирски Русия хоҳиш кардааст, ки дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон чанд ҳарфе гуфта шавад.

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода дар ин маврид мегӯяд:

— Одамиро одамият лозим аст,

 Удро гар бӯй набошад, ҳезум аст.

Моҳи шарифи Рамазон ҳадяе аз Парвардигор ба бандагонаш аст. Худованди оламиён мегӯяд, ки “Эй касоне, ки имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунонки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд, то парҳезгор шавед!”.

Дар ин моҳи муборак аз ҷумлаи парҳезгорон бошед, хайру саховат кунед, ибодат кунед ва бандагони Худоро озор надиҳед.

Моҳи Рамазон омад аз сӯи биҳишт,

Овард ба мардумон анфоси биҳишт.

Ҳар кас дар ин моҳ дилозорӣ кунад,

Не бӯйи биҳишт  бинад, не рӯйи биҳишт.

Нисо аз шаҳри Душанбе суол додааст, ки мабодо дар вақти саҳархӯрӣ дар хоб монад ва 10 ё 20 дақиқа дертар аз вақти муайяншуда нияти рӯза кунад, он қабул аст?

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода ба ин суол чунин посух медиҳад:

— Пайғамбари Худо (с) таъкид кардаанд, ки саҳархӯрӣ кунед, зеро дар он баракат аст. Вақте инсон дар хоб мемонад, агар бинад, ки азонро нагуфтаанд, як пиёла об, барои савоби саҳархӯрӣ нӯшад. Раваду баъди офтоб баромадан бедор шавад, дар дил ният кунад, кофӣ аст.

Марямхон аз шаҳри Хуҷанд мепурсад:

— Нафаре, ки нияти рӯзаро бо забони арабӣ намедонад, метавонад онро бо забони тоҷикӣ бихонад?

— Ният қасди дил аст, чӣ дар намоз, чӣ дар закот ва чӣ дар рӯза. Дар дил нияти гирифтани рӯза бошад, ҳамин кифоя аст,- посух медиҳад Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *