Нияти намози ид. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо
Нияти намози иди Рамазон чӣ гуна аст?
САМАНДАР, шаҳри Панҷакент
Посух:
Нияти намози иди Рамазон чунин аст:
Ният кардам, бигузорам ду ракаат намози иди Рамазон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.
Аз ду ракаат иборат аст. Тарзи хондани намоз бошад, мисли дигар намозҳо аст. Фақат дар аввали ракаати аввал се такбир гуфта, “Аллоҳу акбар” гӯён, дастҳоро се бор баробари гӯшҳо мебардоред.
Дар ракаати дуюм бошад, пеш аз рукуъ кардан се бор такбир гуфта, “Аллоҳу акбар”гӯён, дастҳоро се бор баробари гӯшҳо мебардоред. Дар такбири чорум ба рукуъ меравед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ