Низои сокинони Қирғизистон бо марзбонони Ӯзбекистон
Дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон миёни сокинони ин кишвар бо марзбонони Ӯзбекистон рӯзи 6 январ низоъ бархост.
Собир Сайидакмат уулу, сокини маҳаллӣ дар ин низоъ аз тири силоҳ захмӣ шудааст.
«Сокинони маҳаллӣ вақте фаҳмиданд, ки марзбонон гӯсфандони онҳоро аз чарогоҳ меронанд, гирди ҳам омаданд. Байни сокинон ва марзбонон баҳси лафзӣ бархост ва марзбонон тир кушоданд. Аз тири онҳо ман захмӣ шудам», — гуфт Собир Сайидакмат уулу.
Гуфта мешавад, ворид шудани гӯсфандон ба минтақаи баҳсӣ боиси ин низоъ гардидааст. Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки ин иттилоъро дақиқ мекунад.
Дар ноҳияи Ала-Букини Қирғизистон, ки бо вилояти Намангони Ӯзбекистон ҳаммарз аст, наздики 19 ҳазор га замин баҳсӣ ба ҳисоб меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ