Низом Мирзозода арзиши аслии хонаро дар Душанбе гуфт

Арзиши 1 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 440 долларро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна он 673 долларро дар бар мегирад.

Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.

Дар ноҳияи Синои пойтахт ин меъёр моҳи июни соли 2023  607 доллар будааст. Имрӯз бошад он 580 долларро ташкил медиҳад. Ҳамзамон Низом Мирзозода изҳор дошт, ки нархи хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ аз баландии ошёнаҳои бино низ вобаста аст.  

Соли 2023 дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии 1 миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *