Низоми 10-хола маорифи Тоҷикистонро пеш мебарад?
Дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид. Низоми баҳогузории 10-хола дар самти иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. То имрӯз дар макотиби кишвар баҳогузорӣ аз рӯйи меъёри маорифи Шӯравӣ, яъне сехола буд ва ба толибилм баҳои 3, 4 ва 5 гузошта мешуд. Назарҳо нисбат ба гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ мухталиф аст.
Асадулло Наҷмиддиниён,
директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ
— Имрӯзҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки меъёри панҷбалаи мавҷуда дониши воқеии хонандагонро инъикос намуда наметавонад. Дар он андоза ва меъёрҳои дақиқи баҳогузории фаннӣ аз байн рафта, дар навбати худ боиси воқеӣ набудани баҳо ва тобеияти он ба мақоми омӯзгор гардидааст. Аз ин рӯ, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ дар шароити имрӯза ба миён омадааст. Дар раванди баҳогузории мавҷуда асосан аз се баҳо — 3 (миёна), 4 (хуб), 5 (аъло) истифода мебаранд, ки ин меъёр барои баҳо гузоштан ба дониши воқеии хонандагон кофӣ нест. Инчунин дар низоми мавҷуда хонандагон ба гурӯҳҳои «аълохон», «хубхон», «сехон» ва «духон» ҷудо шудаанд, ки ба андешаи мутахассисон, ин тарзи баҳодиҳӣ доираи маҳдуд дошта, инчунин ба ҳолати равонии хонандагон таъсири бад мерасонад.
Дар низоми 10-хола фаъолияти таълимии хонандагон аз рӯи 4 дараҷа (дараҷаи олӣ) ва 10 зина арзёбӣ мешавад: дараҷаи олӣ иборат аз 2 баҳои 5 — аъло (10 хол) ва олӣ (9 хол); дараҷаи хуб иборат аз 2 баҳо — хубтар (8 хол), хуб (7 хол); дараҷаи миёна иборат аз 3 баҳо — қаноатбахш (6 хол), кофӣ (5 хол), кам (4 хол); дараҷаи паст иборат аз 3 баҳо — нокифоя (3 хол), ғайриқаноатбахш (2 хол), паст (1 хол) ба назар гирифта мешавад.
Шамсиддин Муродов,
омӯзгори собиқадор
— Албатта, мутобиқ кардани низоми таҳсил бо кишварҳои пешрафта хуб аст, аммо мо бисёр вақт кӯр-кӯрона пайравӣ мекунем. Ба андешаи банда, бояд аввал амиқ масъаларо омӯхт. Фақат бо баҳогузорӣ магар мо ба дастовард ноил мешавем? Не! Таҷриба нишон медиҳад, ки то даме, ки муаллим хонандаро ба ин ё он фан шавқманд накунад, муроде ҳосил намешавад. Бояд дар ин самт кор кунем. Мо аз маорифи Шӯравӣ бояд беҳтарин чизҳояшро нигоҳ дорем. Барои мисол кружокҳои мактабӣ беҳтарин василаи ёрирасон ба таҳсил буд. Бояд онҳоро эҳё кард. Низоми 10-бала кори муаллимро зиёд мекунад. Ҳоло дар як синф, албатта шаҳрҳоро дар назар дорам, аз 40 талаба зиёд мехонад. Оё муаллим метавонад ба ҳамаи онҳо баҳо гузорад? Ҳол он ки, натиҷаи умумии баҳои чоряк ва имтиҳони хонанда аз баҳои умумӣ вобаста аст. Мо қаблан, носанҷида дар макотиби олӣ низоми кредитиро ҷорӣ кардем. Имрӯз аз он роҳи гурез мекобем. Нашавад, ки низоми 10-бала низ дарди сарамон шавад!? Беҳтар аст роҳҳои нав ба нави ҳавасмандкунии хонандаро пайдо кунем ва талош намоем, ки мавқеи омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ