Низоми Осимӣ ва 60 ҳазор муҳандиси он

Дар ҳама давру замон таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва саноати кишвар аз вазъи тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи муҳандисӣ вобастагӣ дорад. Аз давраи соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи техникӣ дар кишвар вазифаи муҳими рӯз гардид. Чунин вазифаи муқаддас асосан ба души Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вогузор шуда, тӯли  60 сол боз муҳандисони варзида омода мекунад. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 4 ноябри соли ҷорӣ иди 60-солагӣ дорад ва ба ин муносибат  хабарнигори “Тоҷикистон” бо Ҳайдар Одиназода, ректори ин донишгоҳ суҳбате анҷом дод.

Ҳайдар Одинаевич, ҷашни 60 — солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба соле рост омад, ки  мардуми шарифи кишвар бо рӯҳи болида ва шодию фараҳ 25 -солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро  таҷлил намуданд. Мехостем андаке оид ба таърихи донишгоҳатон нақл мекардед…

— Донишгоҳ бо Қарори девони Шӯрои вазирони СССР аз 6-уми январи соли 1956 таҳти № 14  ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, соли 1961 Институти политехникии Тоҷикистон  ва аз соли 1997 ин ҷониб ҳамчун Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолият дорад. Агар ба таърихи ташаккул ва рушди донишгоҳ дар 60 соли фаъолияташ назар афканем, аз ду марҳила иборат будани онро баръало эҳсос карда метавонем. Марҳилаи якум — солҳои 1956-1990, фаъолияти донишгоҳро дар замони Шӯравӣ дар бар гирифта, ба марҳилаи дуюм — солҳои 1991- 2016, фаъолияти донишгоҳро дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ворид кардан мумкин аст. Саҳифаҳои рӯзномаи таърихи донишгоҳ дар ҳар ду марҳилаи инкишофаш, аз рӯйдоду воқеаҳои муҳиму ибратбахш ғанӣ буда, таҳлилу омӯзиши ҳар яки онҳо барои имрӯзу фардои донишгоҳ роҳнамо буда метавонад. Донишгоҳ дар 60 соли фаъолияташ барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, устуворшавии таҳсилоти касбии техникӣ, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа чи дар замони Шӯравӣ ва чи дар даврони Истиқлолият саҳми босазои худро гузоштааст. Зиёда аз 60 000 нафар хатмкардаи донишгоҳ дар вазорату идораҳо ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва берун аз он бомувафаққият фаъолият намуда истодаанд.

-Аввалин ректори донишгоҳ академик Муҳаммад  Осимӣ буданд, имрӯз ба нақши ин устоди муҳандисони тоҷик  чӣ гуна баҳо медиҳед?

— Беҳтарин мақсад, нақша ва ё чорабинӣ худ аз худ амалӣ намешавад. Онҳоро одамони софдилу меҳнатдӯст ва донишманду кордон амалӣ менамоянд. Дар таъсису ташаккули Институти политехникӣ ҳам саҳми аввалин кормандон ва махсусан аввалин ректори он устод Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ хеле калон буд. Ин шахсияти шинохтаи ҷумҳурӣ, олими оқилу фозил, ташкилотчии илму маориф тавонист моҳияти масъала ва имкониятҳои мавҷударо воқеъбинона баҳо дода, самти рушди ояндаи институтро дуруст тарҳрезӣ намояд. Дар ин кор ба ӯ аввалин кормандони институт фаъолона ёрӣ мерасониданд. Худи устод Осимӣ дар ин бора аз ҳамкорони ҳамонвақтааш Ли Тхя Дюн (муовини ректор оид ба таълим), А.С. Сулаймонов, Г. Форстян, У. Х. Қамаров, Ш. Назаров, Н. П. Латипов, Н. Мадалиев, М. М. Суяркулов, К. Шукроев, Е. В. Гуртовая, Т. А. Баришникова, Л.Т. Королева, П. В. Тсой ва дигарон бо некӣ ёдоварӣ менамоянд. Аз ҳисоби хатмкунандагони худи институт омода намудани мутахассисони дараҷаи олии зарурӣ, ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди институт муайян карда шуда буд. Устод М.С. Осимӣ дар хотираҳояш нисбати фаъолияташ дар Институти политеникӣ қайд менамояд, ки аз аввалин хатмкунандагони институт чандин нафарашон дар ин ҷо барои идомаи кор монданд, ки дар байнашон устодон Х. Р. Содиқов, А. Р. Рӯзиев, М. М. Табибуллоева, Т. О. Қароев, В. Г. Чекалин ва дигарон буданд. Дар баробари ин, мутахассисони ҷавону болаёқат, ба монанди Ёқубов Н. Х., Саидов Ҳ. С., ки дигар мактабҳои олии маъруфи Шӯравиро хатм карда буданд,  дар институт ба кор қабул карда мешуданд. Тартиби бо ном “Низоми М.С.Осимӣ – хатмкунанда ® кафедра ® коромӯз ® аспирант ® кафедра” ба роҳ монда шуда, амал мекард. Баъдан таҳти роҳбарии ректорон Сулаймонов Абулҳай Сангинович (солҳои 1962-1972), Ёқубов Наим Холович (солҳои 1972-1988), и.в.ректор Нигматов Икромҷон Исматҷонович, Ваҳобов Анвар Ваҳобович (1989-1990) институт анъанаҳои хуби М.С. Осимиро ривоҷ дода, дар пешбурди илму таълим ба мувафақиятҳои назаррас ноил шуд.

-Имрӯз дар донишгоҳ кадом  факултетҳо фаъолият ва мутахассисон аз рӯйи кадом ихтисосҳо омода мешаванд?

-Донишгоҳи техникии Тоҷикистон муассисаи бисёрсоҳаи замонавии таҳсилоти олии касбии техникӣ буда, дар сохтораш 8 факултет: энергетикӣ, сохтмон ва меъморӣ, технологияи инноватсионӣ, нақлиёт, менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, факултети муҳандиси техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, факултети муштараки авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Белорус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе дошта, аз рӯи 70 ихтисос мутахассисон тайёр менамояд.

Ҳоло миқдори донишҷӯёни донишгоҳ зиёда аз 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 6,5 ҳазор нафарашон дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд. Дар 40 кафедраи донишгоҳ зиёдтар аз 430 нафар устодон фаъолият намуда, аз онҳо 20 нафарашон профессорон, докторони илм ва 155 нафарашон дотсентон, номзадони илм мебошанд.

Кормандони донишгоҳ пайваста талош доранд, ки ба фазои ягонаи таҳсилот ворид шуда, аз имконият ва таҷрибаи пешқадами марказҳои таълимии ҷаҳон истифода намоянд. Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадафҳо донишгоҳ бо зиёда аз 110 марказҳои илмию таълимии кишварҳои гуногун робитаҳои корӣ дошта, аъзои зиёда аз 10 иттиҳодияҳои байналмилалии донишгоҳҳо мебошад. Боиси ифтихор аст, ки соли 2015 ду ихтисоси Донишгоҳ аз акредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ то соли 2020 гардиданд.

-Оё пояи моддӣ-техникии донишгоҳ барои омода намудани мутахассисон имконият медиҳад?

Раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии ректор Саидмуҳаммад Одинаев (солҳои 2001-2005) барои ба низом даровардани мундариҷаи таълим, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳо, таъмиру омодакунии биноҳои таълимию иншоотҳои муҳандисӣ чораҳои мушаххас андешида, назорати раванди қабул ва низоми таълимро беҳтар намуданд. Ташрифи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ 17 апрели соли 2007 суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 50 — солагии донишгоҳ, суҳбатҳои самимонаю пурмуҳтавояшон бо кормандону донишҷӯён ба рушди донишгоҳ такони ҷиддӣ бахшид. Метавон гуфт, ки баъди ин ташрифи хотирмону барои донишгоҳ тақдирсозӣ Ҷаноби Олӣ, марҳилаи сифатан нави рушду фаъолияти донишгоҳ оғоз гардид. Агар дар соли 2005 барои дастрас намудани таҷҳизотҳои замонавии озмоишию таълимӣ 180 ҳазор сомонӣ сарф шуда бошад, солҳои 2013, 2015 бо ин мақсад ҳар сол қариб 3 миллион сомонӣ, яъне 11 маротиба зиёдтар маблағ ҷудо карда шудааст. Тамоми биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ таъмиру азнавсозӣ карда шуда, барои таҳсилу истироҳат шароити мусоид муҳайё гардид. Қисмати зиёди озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, пояи моддӣ — техникии таълим мустаҳкам карда шуд. Китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ сохта шуда, синфхонаҳои компютерӣ бо зиёда аз 1250 компютери ба шабакаи интернет пайваст, 75 синфхонаи бо тахтаи электронӣ муҷаҳҳаз пешкаши донишҷӯён гардида, заминаи гузаштан ба ҳукуматӣ  электронӣ гузошта шуд. Раёсат, Шӯрои олимон ва тамоми кормандони донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Анвар Абдурасулов (солҳои 2005-2013) пайваста кӯшиш менамуданд, ки тамоми имконияту заҳираҳои мавҷударо барои иҷрои ин дастури Ҷаноби Олӣ сафарбар намоянд.

-Шумо дар бораи ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Беларус гуфтед. Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои дигари хориҷӣ дар кадом вазъият аст?   

Донишгоҳ аъзои қариб 10 иттиҳодия ва ташкилотҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буда, бо зиёда аз 100 марказҳои илмию таълимии кишварҳои гуногун шартномаи ҳамкориҳои дутарафа имзо намудааст. Донишгоҳ дар доираи ин ҳамкориҳо аз имкониятҳои донишгоҳҳои ҳамкор барои омода намудани мутахассисон, махсусан магистрҳо ва номзаду докторони илм васеъ истифода менамояд. Вақтҳои охир тарзи нав — усули муштараки омодакунии мутахассисон васеъ ҷорӣ шуда истодааст. Масалан, тибқи усули таҳсили воридкардашуда донишҷӯ метавонад дар як вақт дар ду донишгоҳи ҳамкори барномаҳои таълимиашон мувофиқа карда шуда таҳсил намуда, соҳиби дипломи ду донишгоҳ ва ё соҳиби дипломи як донишгоҳу шаҳодатномаи донишгоҳи дигар шавад. Дар донишгоҳ аз соли 2012 инҷониб факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва донишгоҳи мо амал менамояд, ки дар он донишҷӯён ду соли аввал дар Душанбе ва 3 соли боқимондаро дар Минск таҳсил намуда, соҳиби дипломи Донишгоҳи миллии техникии Беларус мешаванд. Аллакай зиёда аз 180 нафар донишҷӯи ин факултети муштарак дар шаҳри Минск таҳсил карда истодаанд. Инчунин, имсол ба факултети муштараки авиатсияи шаҳрвандии Академияи давлатии авиатсияи Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ихтисосҳои зерин: истифодабарии техникии муҳаррикҳо ва киштиҳои ҳавоӣ, истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти барқӣ-равшанидиҳӣ), истифодабарии техникии таҷҳизоти авиатсионӣ (таҷҳизоти радиоэлектронӣ), ташкили ҳаракат ва таъмини парвозҳо дар нақлиёти ҳавоӣ (ташкили ҳаракати ҳавоӣ), ки барои ҷумҳурӣ бисёр муҳиманд, ба шуъбаи рӯзона 120 нафар донишҷӯ қабул намудем. Ин донишҷӯён соли аввал дар донишгоҳи мо ва 4 соли дигар дар шаҳри Минск дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус таҳсил хоҳанд кард. Баъди хатм соҳиби дараҷаи касбии мутахассис – муҳандиси соҳаи авиатсия мегарданд.

Ҳамзамон, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби сертификати байналмилалӣ барои солҳои 2015 — 2020 шудани ду ихтисоси Донишгоҳ – ихтисосҳои “Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот” (зинаи бакалавр) ва “Стансияҳои электрикӣ” (зинаи магистр) боз як тасдиқи дигари боло рафтани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ ва мустаҳкам шудани мақоми байналмилалии он мебошад.

-Ихтироъкорӣ яке аз ҷабҳаҳои  Донишгоҳи техникӣ аст. Яъне илму амал  дар ин Донишгоҳ бояд амри маъмул бошад. Дар ин ҷабҳа корҳо пешраванд?

-Дуруст қайд кардед. Донишгоҳ дорои неруи пуриқтидори илмӣ – техникии ҷавобгӯ ба талаботҳои имрӯза буда, вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ, радиотехника, металлургия, технологияи кимиёвӣ ва ғайра, аз рӯи барномаҳои муҳими илмӣ- техникии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, дар самтҳои мазкур корҳои илмӣ – тадқиқотиро ба роҳ мондаст. Олимони донишгоҳ тадқиқотҳоро дар самти илмҳои бунёдӣ ва амалӣ роҳандозӣ менамоянд, ки ба ҳалли масоили ҳалталаби мубрами хоҷагии халқ равона шуда, бо самтҳои афзалиятноки илм ва рушди иқтисодиёти миллӣ ҳамоҳанг ҳастанд. Ҳар сол аз рӯи якчанд лоиҳаҳои буҷавӣ- фармоишии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағгузоришаванда ва лоиҳаҳои аз тарафи Фонди Президентӣ маблағгузоришаванда корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда мешаванд. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳ якчанд лоиҳаи буҷавӣ-фармоишӣ пурра иҷро шуда, иҷроиши қисми дигарашон мутобиқи муҳлати пешбинишуда давом дорад. Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар амалияи фаъолияти омӯзгорӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Дар тӯли 25 соли истиқлолияти кишвар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зиёда аз 250 номзади илм ва 35 доктори илм тайёр карда шудаанд. Зиёда аз 40% омӯзгорони донишгоҳ дорои унвону дараҷаҳои илмӣ буда, ки дар байни онҳо академикҳо, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявию соҳавӣ низ ҳастанд.  Донишҷӯёни муваффақ бо стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шудаанд.

Ташаккур барои сӯҳбат. Аз номи хонандагони ҳафтанома  коллективи донишгоҳ ва шахсан худи Шуморо бо ҷашни 60 солагии ДТТ муборакбод мегӯем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *