Низомиёни Тоҷикистон аз Қазоқистон ба ватан бармегарданд (аудио)

Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Дар ин бора сомонаи Prezident.tj иттилоъ дода, зикр мекунад, ки сарони давлатҳо вазъияти кунуниро дар Ҷумҳурии Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор додаанд. Президенти Қазоқистон дар хусуси барқарор гардидани суботу оромӣ дар кишвар ва сар аз имрӯз оғоз гардидани хуруҷи неруҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД аз ҷумҳурӣ ба Пешвои миллат маълумот манзур намудааст. Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон барои дастгирӣ ва мусоидат изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳайати маҳдуди неруҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон қарор доранд, 14-уми январи соли равон ба Тоҷикистон бармегарданд.

— Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон ва дурнамои рушди онҳоро муҳокима карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *