Низорамоҳ Зарифова: Тарбияи модар бароям беҳтарин мактаб буд

Низорамоҳ Зарифова яке аз бонувони маъруфи тоҷик, шахсияти барҷастаи замони Шӯравӣ ва намояндаи бообрӯйи элитаи сиёсӣ мебошад, ки наздик ба 60 соли умри пурбаракати худро сарфи хизмат ба халқу Ватанаш кардааст. Дар арафаи Иди бонувон, ки дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи занон таҷлил мешавад, ба аёдати эшон рафтем…

Дидор бо устура

Ҳавлии кушоду барҳаво дар маркази шаҳри Душанбе. Ворид шудаму дарро кӯфтам. Садои марғуладор ба гӯшам омад:

— Касе бошӣ, биё, даро, бо телефон гап зада истодаам…

Даҳлезро гузашта, вориди хона шудам. Утоқи на он қадар калони хоксорона, вале тозаву озода, ҷевон, мизу роҳаткурсӣ ва курсиҳо тамизу пероста. Суратҳои овезон дар деворҳо аз як тараф инъикосгари зиндагиномаи соҳибхона бошанд, аз ҷониби дигар назаррабоянд. Дар кунҷи хона радио хабарҳои Тоҷикистону ҷаҳонро мехонад. Маълум, ки Низорамоҳ Зарифова ҳанӯз ҳам аз ҳаводиси олам бехабар мондан намехоҳад…

“Хона одам омад, хайр, баъд гап мезанем”,- гуфт ва гӯширо гузошта, маро ба нишастан даъват кард.

— Ман аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ба аёдати шумо омадам…

— Хуб кардӣ, ки омадӣ… Пеш аз омадатан як занг мезадӣ… Хайр, ҳеҷ гап не. Радиоро хомӯш кун, суҳбат мекунем.

Радиоро хомӯш кардам.

— Ҳаводиси Украинаро пайгирӣ дорам. Афсӯс, ки бо дасти хориҷиҳо муносибати Русия ва Украина бад шуд. Ба ҷойе, ки сари мизи музокирот шинанд, ҷанг сар шуд. Афсӯс. Ман борҳо ба Украина сафар доштам. Кишвари зебову паҳноварест… Э биё, дар арафаи Рӯзи модар аз сиёсат суҳбат намекунем, ҳол он ки, занон дар сиёсат нақши асосӣ мебозанд,- мегӯяд Низорамоҳ Зарифова.

Сабақи модар

Суҳбати мо бо Низорамоҳ Зарифова тӯлонӣ шуд. Аз овони кӯдакию наврасӣ ва ҷавониҳояш суол мекардаму ӯ қисса мекард ҷодаҳои тайкардаи ҳаёташро.

Чун Рӯзи модар аст, оғози суҳбати мо ҳам аз модар буд.

“Ман дар колхоз калон шудаам. Дар даврони кӯдакӣ аз падар ятим мондем. Модрам бо се фарзанд танҳо монд,- ба ёд меорад Низорамоҳ Зарифова.-  Модарам зани меҳнатӣ буд, бо меҳнати ҳалол моро калон кард. Тамоми корҳои рӯзгордориро омӯзонд. Рӯзи дароз худаш дар даруни замин буд, пахта мечинд, бегоҳ ки шуд, ба ферма рафта, гов меҷӯшид. Рӯйи ҳавлиро мерӯфт, шири ҷӯшидаашро мепухт. Боз дар вақтҳои холигиаш ҳезумчинӣ мерафт, илова бар ин, хӯрок мепухт”.

Душвориҳои зиндагӣ Низорамоҳи кӯчакро тез калон кард. Аз кӯдакӣ мададрасони модар шуд.

Он рӯзҳоро бо гузашти 90 сол чунин ба ёд меорад: “Ёд дорам, дар 9-солагиам, ки даврони гуруснагӣ буд, аллакай хамир мекардам. Бегоҳ баробари аз дарвоза даромадани модар, мо ба оғӯшаш медаромадем. Ӯ ки хаста мешуд, бо умед аз ман мепурсид: “Низорамоҳҷон, чойро гирон кардӣ, хӯрок пухтӣ?”. Ман ҳам ба хотири он ки модарам ноумед нашавад, аз тавонам бештар корҳои хонаро анҷом медодам. Солҳои душвор моро ҷонсахт карда буд. Ёд дорам, ки дар зимистони қаҳратун, дар хунукиҳо бе пойафзол ба мактаб мерафтам. Аз қафоям модарам мегирист…”.

Низорамоҳ Зарифова бо гузашти солҳо душвориҳои даврони кӯдакиашро мактаби ҳаёт медонад, ки дар он обутоб ёфт. Мегӯяд, ки сабақҳое, ки дар он рӯзгор аз модараш омӯхт, барояш дар зиндагӣ хеле кор дод.

Аз пайроҳа то шоҳроҳ

Воқеан, мактабти сабурӣ ва устувории модар буд, ки Низорамоҳ Зарифова чун сиёсатмадор, ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи фарҳанг имрӯз ҳам аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Эътирофаш мекунанду эҳтиромаш мегузоранд. Ӯ донишу таҷриба ва умри гаронмояашро сарфи хидмати ин миллат ва ободониву пешрафти кишвар намуд. Ҷасорат ва маҳорати кордонияш имрӯз низ бо як муҳаббату самимият ёд мешавад. Муносибату муошираташро барои бисёр занону роҳравони роҳи мушкилу дарози сиёсат дарси ибрат донистаанду арзандаи пайравӣ.

Дар тарҷумаи ҳоли ӯ назарамон ҳатман ба ин сатрҳо меафтад: «Мудири шуъбаи кумитаи комсомол ва мудири шуъбаи кадрҳои шаҳри Кӯлоб (1941-1945), мудири шуъбаи мактабҳои кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб (1945-1947), мудири шуъбаи занони кумитаи ҳизбии вилояти Кӯлоб (1947-1952)».

Аз занон ба камтар касе дар он рӯзгор, яъне солҳои 50-уми асри гузашта муяссар мешуд, ки дар мактаби олии ҳизбии назди Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил ва онро хатм намояд.

Низорамоҳ Зарифова фаъолияташро пас аз хатми ин мактаб дар солҳои гуногун ба ҳайси мудири шуъбаи занони Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, муовини раиси Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон идома додааст. Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, узви пленум ва раёсати Кумитаи занони Иттиҳоди ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ, узви Шӯрои Федератсияи байналмилалии занон, раиси Шӯрои занони Тоҷикистон ва раиси Шӯрои ҷумҳуриявии донишгоҳҳои мардумӣ, вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 5 ва 6-ум) ва Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъватҳои 4, 6, 8, 9) буд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳам, бо вуҷуди дар нафақа будан, худро канор нагирифт. Дар вазифаи раиси Кумитаи занон ва оилаи кишвар фаъолият намуд.

Рӯзгори ин зани фидоӣ намунаи ибрат аст.

Дар суҳбате, ки бо ҳам дорем, лоф намезанад, чунон содаву самимӣ ва хоксор аст, ки кас дар ҳайрат мемонад. 

Тўҳфа дар рўзи ид

Тавре ишора шуд, Низорамоҳ Зарифова аз ҷумлаи аввалин занҳои соҳибмақоми тоҷик аст. Чун дар арафаи Рӯзи модар қарор дорем, аз эшон дар мавриди ин ҷашн пурсидам.

“Вақте 40-солагии ИҶШС-ро ҷашн мегирифтем, архивро бардоштем. Маълум шуд, ки аз соли 1929 дар назди ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон кумитаи занҳо фаъолият мекардаст. Яъне аз пайдо шудани Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон ташкилоти занон кори худро оғоз карда будааст. Фаъолияти занон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ низ аз он солҳо оғоз мешавад. Соли 1934 падарандари ман раиси ҳукумати Кӯлоб буд. Ёд дорам, он замон 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи модар ҷашн мегирфтанд. Ман ҳам дар қатори модарам дар яке аз ҷашнҳо иштирок доштам. Дар он рӯз занҳоро табрик карда, барояшон рӯймоли пашмини гулдор туҳфа карданд”. 

Занон бояд фаъол бошанд!

Низорамоҳ Зарифова дар идомаи суҳбат мегӯяд, ки занҳо бояд фаъол бошанд, маълумоти олӣ бигиранд ва дар пешрафти ҷамъият саҳм гузоранд.

“Шавҳарам мегуфт, ки “Низорамоҳ, модари ман депутати Шӯро буд”. Аз архив суратеро нишон дод, ки дар ҳақиқат соли 1936 хушдомани ман дар қатори депутатҳо буд. Қарори Сталин баъдтар баромад, ки дар шаҳру ноҳияҳо комитети занҳо фаъолият кунад ва мудири он зан бошад. Дар ин кумитаҳои навташкил яке аз аввалин роҳбарон дар вилояти Кӯлоб худи ман будам”,- мегӯяд Низорамоҳ Зарифова.

Ҳамсуҳбати ман рӯзҳоеро ба ёд меорад, ки барои таҳсил ва ҳуқуқу озодиҳои занон мубориза мебурданд.

“Барои ҷалби духтарон ба таҳсил зиёд талош мекардем. Ман вақте ба райком ба кор омадам, 22-сола будам. Барои як духтарро ба мактаби олӣ ҷалб кардан 10 маротиба ба назди падару модараш мерафтем. Вақте ман ба комитети марказӣ ба кор омадам, он вақт дар Душанбе се-чор нафар зани мансабдор буду халос. Мо солҳо талош кардем, ки зани тоҷик соҳиби мақому мартаба шавад. Имрӯз оилаи тоҷик духтарашро барои таҳсил ба Амрикову Канада мефиристад. Дар ҳукумат низ занон фаъоланд. Хушбахтона, имрӯз занони роҳбар, олим, доктор, академик, тоҷир, варзишгар… зиёданд”,- мегӯяд ӯ.

Насиҳат ба занони роҳбар

— Ба занони кишвар чӣ таманниёт доред?,- мепурсам дар фароварди суҳбат.

“Ман таърихро хуб медонам, аз сари ман бисёр чизҳо гузаштааст, вале як лаҳза дар фикри қафо рафтан набудам, фақат кор кардам, ки пеш равам. Бинобар ин, ба занҳои тоҷик шуҷоату ҷасорат мехоҳам, ки мардонавор дар байни мардон кор кунанд ва дар пешрафти ватанамон саҳм гузоранд. Ба занҳои роҳбар як насиҳат дорам: фаромӯш накунед, ки шумо зани тоҷик ҳастед, ҳалолкорӣ, муомилаи нек бо мардум ва фикри ободӣ бояд мароми зиндагӣ ва фаъолияти шумо бошад”,- мегӯяд Низорамоҳ Зарифова.

Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *