Ноҳияҳои  Спитамену Бобоҷон Ғафуров ғолиби мусобиқаи пахтачинӣ шуданд

Имрӯз, 8 октябр дар маркази шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони бистрӯзаи аввали мавсими пахтачинӣ баргузор гардид.

 Дар ҷамъомад бахшида ба ҷамъбасти бистрӯзаи аввали мусобиқаи меҳнатӣ оид ба пахтачинӣ байни навоҳии пахтакор раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо, хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин иштирок доштанд. Роҳбарияти вилояти Суғд зимни суханронӣ таъкид намуд, ки натиҷаи бистрўзаи аввали мавсими пахтачинӣ нишон дод, ки мусобиқа барои ба даст овардани пешсафӣ дар байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои пахтакор хеле пурҷўшу хурўш аст.

Дар ҷамъоварии ҳосили имсола кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом саҳми бештар гузоштанд. Онҳо ҳар рўз ба ҳисоби миёна баробари 1,5 – 2,5 фоизи нақшаи солона ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба рафти чиниши пахта суръат зам менамоянд ва пешоҳангони мусобиқа гардиданд.

Дар ноҳияи Спитамен то имрӯз 5855,5 тонна пахта истеҳсол шудааст, ки ин ба 40 фоизи нақша баробар аст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  7090 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин ба 37,9 фоизи нақша баробар аст.

Дар маросими тантанавӣ ба раисони ноҳияҳои Спитамену Бобоҷон Ғафуров ва Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом вимпели сайёр ва мукофотпулӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, ба роҳбарони хоҷагиҳои пешқадам ва чинакчиёни беҳтарин тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар бистрӯзаи аввал дар вилояти Суғд 35 ҳазору 429 тонна пахта истеҳсол шуда, нақшаи пешбинишуда 26,3 фоиз иҷро шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *