Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ: Ҳанӯз ҳам хавфи фурӯравӣ боқист

Охири соли 2021 бо як қарори ҳукумати мамлакат зиёда аз 80 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз гардиши кишоварзӣ берун карда шуд. Масъулин сабаби берун кардани заминҳои обиро аз гардиши кишоварзӣ фурӯравии онҳо мегӯянд.

Иброҳимзода Турахон, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст “заминҳое, ки дар асоси офатҳои табиӣ фурӯ рафтаанд, аз гуруҳу намудҳои заминҳои корами обӣ, чарогоҳ, маҳали аҳолинишин ва хоҷагиҳои ёрирасони шаҳрвандон ба дигар гуруҳу намуди замин гузаронида шаванд”.

Ӯ афзуд, ки то охири соли 2021 бо вуҷуди фурӯ рафтан ин заминҳо замини кишоварзӣ ҳисоб мешуданд.

“Маълумоти ин заминҳо ҳам дар ҳисоботи оморӣ ва ҳам дар нозироти андоз мерафт. Бо дастгирии Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии “Тоҷикзаминсоз”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи аниқ гузаронида шуда, ба ҳукумат пешҳод гардид. Дар натиҷа 83 гектар замини обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун карда шуд”,- афзуд мавсуф.

Иброҳимзода Турахон мегӯяд, ки барои пешгирӣ аз фурӯравии замин бояд фарҳанги об мондани зироат дар замин аз ҷониби сокинон пурра риоя шавад. “Дар заминҳои кишт қубурҳои калон насб кардан лозим, то поёноб тавассути қубур ба дарё бурда шавад. Баъдан заҳбуру заҳкашҳоро сари вақт тоза кардан лозим”,- таъкид кард вай.

Ӯ гуфт, ки агар фарҳанги об мондан риоя нашавад ва заҳкашу обгузарҳо ба тартиб дароварда навашанд, боз ҳам хавфи фурӯравии заминҳои оби боқӣ мемонад.

Мутаассифона, дар идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ касе аз масъулинро пайдо накардем, то дар масъалаи тоза кардани заҳбуру заҳкаш ва паст кардани оби зеризаминӣ суҳбат кунем.

Мутахассисон мегӯянд, ки заминҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ асосан сафедхоканд ва дар андак зиёд будани намӣ эҳтимоли фурӯравӣ ҳаст. Бо вуҷуди ин, ноустувории хок зиёд буда, оби зеризаминӣ баланд аст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *