корд

Ноҳияи Б. Ғафуров: Ҷавоне рафиқашро чанд корд задааст

Ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар ҳолати мастӣ рафиқашро бо корд задааст.

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки ҳодиса рӯзи 22-юми январи соли 2023, шабона рух додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, “дар ҳолати мастӣ ҳангоми дар хонаи истиқоматиаш бо рафиқаш, ҷавони 25-солаи сокини ҳамин ноҳия қарор доштанашон, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагӣ 2 маротиба ба қафаси сина ва 1 маротиба ба оринҷи ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.

Нисбати ин ҷавон бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *