Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: Корхонаи асфалтбарорӣ ифтитоҳ ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, корхонаи асфалтбарорӣ бо технологияи замонавӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён дар масоҳати як гектар замин бунёд карда шудааст.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоту технологияи муосир 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
— Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хати нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар натиҷа боз чандин нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хати лӯлаҳои газӣ кашида шудааст. Барои кашонидани асфалт зиёда аз 10 техникаи пуриқтидор харидорӣ гардидааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ