Ноҳияи Деваштич: Таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор гирифт

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти дурдасти Росровути ноҳияи Деваштич таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Деваштич, таваллудхонаи дорои шароити муосир ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навтарин бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҳусейн Калонов ва кумаку дастгирии сокинон бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки арзиши лоиҳавии иншоот беш аз ду миллион сомониро ташкил дода, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои таваллуд, момодоя, барои ҳомиладорон, модару кӯдак, хатна, табиби оилавӣ, истироҳатӣ ва дигар инфрасохтор иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *